logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Агар сухан дар бораи санъати опера равад, бешубҳа, чеҳраи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов пеши назар меояд. Ӯ бо овози фораму маҳорати баланди сарояндагӣ на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҷаҳонро тасхир сохта, ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Адҳам Холиқов баъди шунидани овоз ва сурудҳои Муслим Магомаев, Артисти халқии СССР дар дил орзуи сароянда шудан ва таҳсил дар “Bel Canto” (сароиши дилнишин)-и Италияро мепарварид. Аммо, бо амри тақдир ӯ ба факултети санъати актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Ҳангоми дар курси чорум таҳсил карданаш ба воситаи озмун дар байни 6 довталаб ба Консерваторияи Маскав роҳ меёбад. Дар давоми таҳсил дар институт бо ҳунару маҳорати худ дар Театри Лоҳутӣ нақшҳо офарида, мақоми худро пайдо карда буд. Дар факултети санъати актёрӣ устодони бузург чун Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров ва дигарон дарс мегуфтанд.
Адҳам Холиқов баъди таҳсил дар консерватория ба Ватан баргашта, давоми 7 соли фаъолият дар операи тоҷик унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро сазовор шуд. Соли 1987 бо даъват ва дастгирии устоди консерватория Евгений Нестеренко ба Маскав рафта, дар “Большой театр” ҳунарнамоӣ кард ва имкони дар театрҳои Аврупо нақш бозиданро соҳиб шуд. Баъдан, маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал дода, дар назди устодони бузург, аз ҷумла Фронко Корелли, сарояндаи бузургтарини опера дар асри гузашта, таҷриба андӯхта, аз санъати операи Италия баҳравар шуд. Солҳо пас дар саҳнаҳои бузурги Аврупо, махсусан дар Театри ЛаСкалаи Италия, ҳунарнамоӣ карда дар шаҳри Милан Академияи мусиқии “Bel CantoInternation”-и хешро таъсис дод ва ба ҷавонони лаёқатманди давлатҳои Тоҷикистон, Италия, Фаронса, Куба, Корея  ва дигар кишварҳо санъати операро омӯхт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устоди опера Адҳам Холиқов зиёда аз сад шогирд тарбия намудааст, ки онҳо дар тамоми ҷаҳон шуҳрати хосса пайдо намуда, дар саҳнаҳои бузурги дунё маҳбуб гаштаанд. Машҳуртарини онҳо Юсиф Эйвазов - Артисти халқии Озарбойҷон, Элиза Марси аз Италия, Риеко Онако аз Япония, Сония Юк аз Корея, Шоҳрух Юнусов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Шоҳрух Воҳидов аз Тоҷикистон ва боз даҳҳо нафар. Устоди санъати операи тоҷик Адҳам Ҳолиқов соли 2005 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Руқия ҚУРБОНОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед