logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Заминаҳои ҳуқуқии таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зоҳир шудани таваҷҷуҳи амиқ бобати боз ҳам мукаммал гардондани фаъолияти мақомоти судӣ ва, ҳамзамон, марҳилаҳои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз мавзӯъҳое буданд, ки доир ба онҳо Азизбек Хайриддинзода, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” Зокир Ҳасан андешаҳои худро баён намуд.
- Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар қатори дастовардҳои таърихии Тоҷикистони навин бештар ба ду санади ҳаётан муҳиму тақдирсози мамлакат арҷ мегузоранд. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар яке барои мо мустақилият дода, соҳибихтиёрии давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ эълом дошта бошад, дувумӣ, моро аз нав сарҷамъ намуда, пеши роҳи парокандашавиро гирифт ва сулҳу ваҳдату суботро дар ҷумҳуриамон таъмин намуд.
Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон заминаи воқеӣ ва устувор гузошт. Тоҷикистон соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардида, пояҳо ва рукнҳои давлатдории худро устувор гардонд ва ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд.
Дар ин давра дар сохтори судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ ва мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам шуд. Бо Фармони Президенти кишвар соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Дар раванди амалигардонии барномаи мазкур қонунгузории миллӣ такмил дода, як қатор қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав қабул ва қисми зиёди қонунҳои дигар ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуданд.
Бо талошҳои пайгиронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, ҷалб ва густариши сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷаву андозро ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ин ҳадафҳо аз ҷониби давлат марҳила ба марҳила амалӣ шуданд.
Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тӯлонӣ доранд, лекин муносибатҳои молӣ, пулӣ, тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву чун шакли мураккабтарини робитаҳои аҳли ҷомеа боқӣ мондаанд. Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Судҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатии кишвар буда, дар натиҷаи гузарондани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд.
Рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштаанд, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми судӣ, баамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардондани шароити моддию техникии судҳои ҷумҳурӣ ва такмил додани қонунгузории миллӣ якчанд маротиба «Барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва амалӣ шудаанд. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 19 апрели соли 2019 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021» мавриди амал қарор дода шудааст, ки барои боз ҳам самаранок гардондани фаъолияти судҳо ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидати фаъол менамояд. 
Аз ин рӯ, мо - судяҳои ҷумҳурӣ бо роҳи сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳо, қабули қарорҳои қонуниву асоснок, ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва баровардани адолати судӣ бояд дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳми худро гузорем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед