logo

иқтисод

МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЭКОЛОГИЯ. ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШИДА МЕШАВАНД

Маҳз бо мақсади ҳифзу нигоҳдории захираҳо, махсусан захираҳои обӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки онҳо оқилона истифода бурда шаванд.

Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонро ба оқилона истифода кардани сарватҳои табиӣ даъват намуданд. Оғози татбиқи ташаббуси байналмилалии Президенти кишвар оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки дар Маҷмаи умумии СММ сурат гирифт, бори дигар Тоҷикистони азизро ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд. Илова бар ин, бо истифода аз фурсат, яъне дар ҳоле ки соири кишварҳои олам ба татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шурӯъ карданд, соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва баъдан солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, ки ин нишони хиради олӣ ва дурбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бешубҳа, барои пешрафти ин се бахши ба ҳам алоқаманд дар ростои амалишавии барномаи нави ҷаҳонии Тоҷикистон имконпазир хоҳад буд.
Ҳифзи муҳити зист, захираҳои об, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар баробари татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, ки дар барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар давоми ҳафт сол дар ин самтҳо навгониҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сохторҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Корҳои ташкилию сохтории мақомот беҳтар гардида, барои устувор гаштани назорати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳифзи табиат мусоидат намуданд. Қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология мукаммал гардида, дар доираи он бисёр масъалаҳои экологӣ ҳалли худро ёфта истодаанд. Пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ, васеъ гардидани майдони дарахтону ҷангалзор, тоза нигоҳ доштани захираҳои обӣ, беҳдошти муҳити зист, вазъи экологӣ аз ин ҷумлаанд. Муҳимтар аз ҳама, беш аз 50 дарсади аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин гардид.
Баҳри иҷрои супоришу ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист тавассути ободониву созандагӣ, тозагию кабудизоркунии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист мавқеи фаъол ишғол намуда, бо ҷалби аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию экологӣ, донишҷӯёну хонандагон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва ҳашарҳои умумии шаҳру ноҳияҳоро мунтазам ташкил намояд, ки ин сатҳи донишу таҷриба ва маърифати экологии аҳолиро боз ҳам беҳтар сохт. Тайи солҳои 2013 - 2020 ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зист бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, махсусан бо котиботи конвенсияҳои СММ барои таъмини риояи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани сифати муҳити зист, ҳамчунин, васеъ намудани доираи имконот ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти экологӣ роҳи нав кушод. Дар ин давра «Стратегияи миллӣ оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои солҳои 2015 - 2020» ва се Тафсири миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим қабул ва амалӣ, Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия ва қабул гардиданд. Айни ҳол, Тафсири чаҳоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим таҳия гашта истодааст.
Ба ин нигоҳ накарда, дар самти беҳдошти муҳити зист ва экология ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаб хеле зиёданд. Коҳиш додани партовҳои корхонаҳои саноатӣ, истифодаи оқилонаи об ва энергия, мубориза бо биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги обшавии пиряхҳо, ҷалби бештари маблағгузории ватанию хориҷӣ дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим, ба роҳ мондани коркарди такрории партовҳои саноатӣ ва сахти маишӣ ва ҳалли мушкилоти дигари экологӣ аз Ҳукумати мамлакат ва роҳбарону масъулони нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист кӯшишу талошҳои зиёдро тақозо менамояд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 906
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед