logo

фарҳанг

ПОЯГУЗОРИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ

Соли 1928 дар иҷлосияи 3-юми Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Мухтори Тоҷикистон қарори таърихие қабул гардид, ки дар он  таъсиси оркестри давлатӣ ва дастаи театриро ба миён гузоштанд. Барои ташкили аввалин дастаи театри касбии тоҷик ба тарзи аврупоӣ роҳбарияти Шӯрои комиссарони халқ соли 1929 аз пойтахти ҶШС Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд коргардони Театри давлатии драмаи ӯзбек ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ Ҳомиди Маҳмудро даъват кард.

Бо супориши роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон биное, ки дар сабки меъмории конструктивизм сохта шуда, ба замони хеш ва дархости он мувофиқ буд, барои театр интихоб гардид. Охири моҳи ноябри соли 1929 дастаи ҳунарӣ иборат аз 15 корманди эҷодӣ ташкил шуд. Дар байни онҳо ҳунарпешагон Г. Бақоева, Ш. Бақоев, М. Муллоҷонова, У. Обидов, С. Раҷабова, С. Саидмуродов, Ёқуб, Одил, Ӯлмас, Ҳодӣ Фозиловҳо ва М. Ягудоев, мутриб Ғ. Баҳор ва доирадаст Т. Бобоева, адиб Ҳ. Карим, директор - саркоргардони театр Ҳомиди Маҳмуд буданд. Театри касбии тоҷик ба мардум ғояҳои маорифпарварона ва таҷассуми равишҳои навро расонда, инқилоби фарҳангро ба вуҷуд овард.
Масъалаи душвор дар он рӯзҳо нарасидани муаллифони пйесаҳо аз ҳисоби зиёиёни маҳаллӣ буд, ки тавонанд асарҳои худро барои театри касбӣ пешниҳод намоянд. Ҳомиди Маҳмуд, ки қобилияти табиии ташкилотчигӣ ва ғайрати зиёд дошт, дар атрофи худ донандагони адабиёти миллӣ, мардони маърифатнокеро ба мисли М.А. Мунзим ва М. Муинзода, аз миёни кормандони маорифи халқ устодони сухан А. Аминзода, аз роҳбарон, кормандони идораи рӯзномаву маҷаллаҳо Ғ. Ализода, Т. Самадӣ ва афсар  М. Юсуфбековро ҷамъ овард. Ин ҷомеаи одамони наҷиб буд. Ҳомиди Маҳмуд имкониятҳои эҷодии зиёиёни тоҷикро ба назар гирифта, тавонист вазифаи муҳими эҷоди жанри нави адабиро ба ҷо орад ва драматургони ҷавонро дар навиштани асарҳои саҳнавӣ дастгирӣ намояд.
Дар мавсими театрии солҳои 1929- 1930 Ҳомиди Маҳмуд пантомимаи Л. Свердлин «Хоб дар вақти посбонӣ», намоишномаҳои   «Наврӯз   ва   Гулчеҳра» - и А. Аминзода, «Бой ва Одина», «Охирин золим» - и М. Юсуфбеков, «Ҳаёти нав» ва «Эшони фиребгар» - и Т. Самадӣ, «Сангинбой» - и А. Мунзим ва ғайраро ба саҳна гузошт. Ӯ муваффақ шуд, ки ба театри пойтахт (он замон шаҳри Сталинобод) ҳунарпешагони зиёдеро аз дастаҳои ҳаваскорони Бухорову Самарқанд, Тошканду Фарғона орад. Масалан,  солҳои соли 1930 - 1931 ҳунарпешагон А. Боситова, Ф. Исматов, А. Саидов, Ҳ. Ӯрунов, Ҳ. Шоймардонов, М. Қосимов, С. Тӯйбоева, У. Мирсалимов, М. Халилов, рассом А. Дарченко, коргардонҳо Ф. Умаров ва М. Саидов ба театри тоҷик ба кор қабул гардиданд.
Соли 1934 Ҳомиди Маҳмудро роҳбарияти Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд барои ташкили театри дувуми давлатии драмаи мусиқӣ фиристод. Роҳбари бадеии театри драмаи мусиқӣ Ҳомиди Маҳмуд барои ширкаткунандагони студия дарсҳои маҳорати ҳунарпешагӣ, ҳунари суханварӣ, ритмика, рақс, саводи мусиқӣ ва ғайраро ташкил намуд, ки боиси ғанӣ гардидани барномаи театр ва афзоиши миқдори намоишномаҳои тоҷикӣ гардид.
Раванди ташаккули драматургияи миллӣ дар натиҷаи омезиши равияҳои гуногун ва анъанаҳои бозигарӣ ва истифодаи бойигарии забони адабиёти классикӣ ва фолклори миллӣ сурат мегирифт. Ҳомиди Маҳмуд дастаи муташаккили театриро ташкил намуда, пеш аз ҳама, муаллифони ҷавонро ба кор ҷалб кард. Ба адибон Ғ. Абдулло, М. Аминзода, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода ва дигарон дар саҳнагузории аввалин драмаҳои онҳо мадад расонд. Масалан, бо ёрӣ ва коргардонии Ҳомиди Маҳмуд дар мавсими театрии соли 1934 - 1935 намоишномаҳои «Ҳукм» - и М. Турсунзода, «Саодат» - и Р. Ҷалил, «Шараф» - и М. Аминзода, «Маликаи Тӯрондухт» - и К. Готси ва ғайра ба саҳна гузошта шуд.
Нахустин театри касбии тоҷик арсаи такомули самтҳои гуногуни санъат гардида, барои ҳалли вазифаҳои омӯзиши мероси фарҳангӣ мусоидат намуд. Театри касбии тоҷик дар шароити нави иҷтимоиву сиёсӣ барои худшиносии миллӣ мадад расонда, дар тарбияи ахлоқиву зебоишиносии мардум саҳми калон гузоштааст.
Дар баробари ташаккули театри миллӣ оркестри асбобҳои миллӣ низ созмон ёфтанд. Дастаи мусиқии «Таранҷ» дар пойтахт ва омӯзишгоҳи мусиқӣ дар Хуҷанд (1929), ки асоси омӯзгорони онро мутрибони театр ташкил медоданд, таъсис ёфтанд. Таҷрибаи ҳамкории Ҳомиди Маҳмуд бо мутрибон ва ҳунарпешагон имкон дод, ки онҳо аз уҳдаи ташкили Оркестри давлатии асбобҳои халқӣ бароянд. Бо ташкили Оркестри асбобҳои халқӣ коргардон ва навозандагон имкон пайдо карданд, ки барои намоишномаҳои драмавиву мусиқӣ сурудҳои миллиро интихоб намоянд, бастакорон ба омӯзиши амиқи мероси мусиқӣ, оммавӣ кардани сурудҳои фолклорӣ, рақсҳои халқӣ ва мусиқии касбии классикӣ машғул шуданд.
Бо назардошти он ки дар таърихи навини Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуҷуд омадааст, роҳбарияти осорхонаи ба номи Ҳомиди Маҳмуд бо дастгирии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллӣ, Академияи миллӣ ва Иттифоқи ходимони театрӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори 120 - солагии зодрӯзи арбоби барҷастаи театри тоҷику ӯзбек Ҳомиди Маҳмуд рисолаҳои алоҳида ва маҷмӯаи мақолаҳоро интишор намоянд. Дар арафаи ин ҷашнҳо ният аст, ки конференсияи байналмилалии илмӣ – амалии “Хориқаи Ҳомиди Маҳмуд дар бунёд ва пешрафти театри миллии Тоҷикистон” баргузор гардад.

Аскаралӣ РАҶАБОВ,
доктори илми таърих, профессор,
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ,
 номзади илми таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2020    №: 210    Мутолиа карданд: 535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед