logo

ҳуқуқ

БАҲСИ КООПЕРАТИВӢ – ТИҶОРАТӢ. ЧАРО МАСЪУЛОН ҲАЛНОМАИ СУДРО ИҶРО НАМЕКУНАНД?

Соли 2003 бо қарори раиси ноҳияи Темурмалик (он вақт ноҳияи Совет) хоҷагии деҳқонии ба номи «Исмоили Сомонӣ» - ро таъсис дода, аз ҳамон сол сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гирифтем. 1 июли соли 2016 хоҷагии деҳқонӣ шакли ташкилӣ - ҳуқуқӣ ва номи кооперативи тиҷоратии «Исмоили Сомонӣ С» - ро гирифт. Моҳи майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раис, муовин ва мутахассисони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов ба деҳаи Давад дар як ҷаласа кору фаъолияти моро печида карданд.
 
Дар маҷлис, ки чанде аз аъзои кооперативи тиҷоратии «Исмоили Сомонӣ С» низ ширкат доштанд, суратҷаласаи умумии саҳмдорони кооперативро тартиб дода, тибқи қарор маро аз вазифаи роҳбари кооперативи тиҷоратӣ озод намуда, то интихоб шудани роҳбари нав иҷрои вазифаро ба зиммаи раиси Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов гузоштанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооперативҳо ва аъзои он кафолат дода, ба рушди кооперативҳо мусоидат менамояд. Давлат ва мақомоти давлатӣ наметавонанд ба фаъолияти кооперативҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузор пешбинӣ кардааст, дахолат намоянд.
Сипас, дар асоси суратҷаласа мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия фармоиш бароварда, маро аз вазифаи роҳбари кооператив озод намудааст. Ҳолатҳои мазкурро асос намуда, ба воситаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маро маҷбур намуданд, ки муҳру ҳуҷҷатҳои кооперативро ба раиси ҷамоат супорам. Ноилоҷ онҳоро супурда, ба хотири муайян намудани он ки ин амалкард то куҷо қонунист, ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намудам.
Суди иқтисодии вилоят ваҷҳҳои дар ариза овардаро бо иштироки ҷавобгарон баррасӣ намуда, даъвои маро қонеъ, амали ҷавобгаронро ғайриқонунӣ, фармоиши шуъбаи кишоварзӣ ва қарори қабулнамудаи маҷлиси умумии саҳмдорони кооперативро беэътибор донист. Вале аз чӣ бошад, ки то ҳол кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҳалномаи баровардаи судро иҷро намекунанд?
Аз ин рӯ, мехоҳам аз минбари рӯзномаи бонуфузи кишвар - «Ҷумҳурият» ба таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор муроҷиат намоям, то ба қазияи болозикр дахолат карда, кооперативро ба ман баргардонанд.

Абдугапар ЗОКИРОВ,
собиқ роҳбари кооперативи тиҷоратии
«Исмоили Сомонӣ С»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2020    №: 210    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед