logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙНВОРДИ «КАЛИМАЁБАК»
Дар чайнворди мазкур калимаҳоеро ботартиб чинед, ки чорум ҳарфашон «ғ» бошад.

Таҳияи Абдурозиқ НОРЗОДА, сокини ноҳияи Айнӣ

Ҷавоб ба кроссворди «Анис» аз 16 октябри соли 2020

Аз боло ба поён:
1. Кӯрсавод. 2. Ирис. 3. Амиров. 4. Маҷмӯа. 5. Каср.
6. Барбарис. 9. Виркан. 11. Камина. 12. Анис.
13. Вихр. 14. Ламс.
 
Аз чап ба рост:
1. Кабиса. 4. Мактаб. 7. Инҷ. 8. Савсор. 10. Маркаб.
12. Аввал. 15. Дуалӣ. 16. Манас. 17. Сирус.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

 

ФАЛОКАТИ “ТИТАНИК” ЧЕҲРАИ ҚАҲРАМОНҲОИ АСОСӢ
Замони ғарқшавии  “Титаник”  миллионер Ҷон Ҷейкоб Астори IV дар он буд. Маблағи Ҷон он замон барои сохтани 30 киштии монанд ба  “Титаник” мерасид. Вале қисмат ӯро ба хатари марговар рӯ ба рӯ кард. Ӯ барои наҷоти ду кӯдаке, ки дар ҳолати ғарқшавӣ қарор доштанд, ҷойи амни худро дод.
Исидор Страусс, соҳиби бузургтарин фурӯшгоҳи “Macy's” – и Амрико, ки ӯ  низ мусофири  “Титаник” буд, чунин гуфтааст: "Ман ҳеҷ гоҳ пеш аз занҳо ба киштии наҷот намешинам". Ҳамсараш низ аз шиштан ба заврақи наҷот даст кашида, ҷояшро  ба канизаш медиҳад. Хонуми Исидор  нахост аз шавҳараш ҷудо бошад ва то дақиқаҳои охирини умр  дар канори ӯ монд.
Ин сарватмандон принсипҳои ахлоқии худро авлотар аз боигарӣ ва ҳатто ҳаёташон донистанд. Одамон пеш аз марг ҳеҷ гоҳ афсӯс намехӯранд, ки миллионҳои иловагӣ ба даст наовардаанд, хонаи боҳашамат насохта, дар тиҷорат муваффақ нашуданд. Онҳо дар лаҳзаҳои охири умри худ аз он ғамгин мешаванд, ки  натавонистанд ба  хешовандон, дӯстон ва ҳатто ба шиносҳои тасодуфиашон некӣ кунанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Ман, албатта, метавонистам «ба айбҷӯият ё хурдагириат қоил» гӯям, вале дар ин гуна мавридҳо суханро суфта гуфта, яъне чашмони ӯро тезбин номида, таъриф кардан беҳтар аст. Вагарна ёрам аз ман сахт меранҷиду хавфи он буд, ки дигар илтифоте накунад.
* * *
Дило, чандам бирезӣ хун зи дида, шарм дор охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун, муроди дил барор охир.
Манам, ё Раб, ки ҷононро зи ораз бӯса мечинам,
Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 16 ОКТЯБРИ  СОЛИ 2020
Ӯрун Кӯҳзод, Камол Насрулло

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА

 

МУРЧ 
ДУШМАНИ КОРОНАВИРУС

Бино бар маълумоти хабарнигории «Orthodox», олимони ҳинд хусусиятҳои қаламфури сиёҳ (мурч) – ро дар саркӯб намудани коронавирус тасдиқ карданд.
Донишмандони Институти фанноварии Ҳиндустон ошкор намуданд, ки модаи пиприни таркиби мурч паҳн шудани вирусро ба узвҳои бадан монеъ мегардад.
Модаи пиприн дар мурчи сиёҳ масъули таъму бӯи тунди он аст. Олимони русиягӣ низ муътақиданд, ки механизми тавсифнамудаи ҳамтоёни ҳиндашон дар мавриди мурч на танҳо дар давраи пандемияи коронавирус, балки дар зиндагии воқеӣ низ таъсирбахш буда метавонад.
Донишмандон, ҳамчунин, бар он боваранд, ки мурч системаи масунияти баданро тақвият бахшида, омили асосии зидди сармохӯрдагӣ ва вирусҳои дигар низ буда метавонад.
Таҳияи Умар АЛӢ


ДИЛИ ОЧА БА БАЧА, ДИЛИ БАЧА БА…
Ҷавоне миёни боғи деҳа бо духтари дӯстдоштааш суҳбати телефонӣ дошт. Ногоҳ садои занги телефоне, ки дар ҷайбаш дошт, баланд шуд. Ҷавон «як лаҳза» гуфту телефонашро бардошт ва саросема ҳамагӣ чанд калима гуфт: «Вақт надорам, баъд занг мезанам».
Лаҳзае баъд аз нав садои телефони дуюм баланд шуд, вале ҷавони дар суҳбати гарм ғӯтида телефонро хомӯш намуд. Вақте суҳбаташон ба охир расид, ҷавон гӯё аз дунё розӣ бошад, хамёза кашид. Каме баъд ба хотираш омад, ки модараш ба ӯ занг зада буд. Бо дили нохоҳам ба модар занг зад. Гӯширо марди ношиносе бардошт. Ӯ ба ҷавон хабар дод, ки ҳангоми аз бозор ба хона баргаштан, миёни роҳ дарди ҷонкоҳе модарро фаро гирифт. Роҳгузарон ёрии таъҷилиро даъват карданд. Модар дар ҳолати вазнин хостааст бо писараш суҳбат кунад. Чун писар вақт надоштааст, модар охирин суханонашро ба телефони худ сабт кард. Вақте писар ба беморхона расид, телефони мобилии модарро ба ӯ доданд. Модар мегуфт:
- Писарам, медонам, ки бо арӯсат суҳбат дорӣ. Ҷони оча! Имрӯз охирин лавозимоти тӯятро харидам. Дар сандуқи хона маблағи хароҷоти тӯйро низ захира кардаам. Барои ман маъракаи бодабдаба шарт нест. Танҳо дуову фотеҳа кофист. Бахти сафеду зиндагии хуш бубинӣ».
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


Кӣ будани  шуморо ду чиз муайян мекунад: сабратон дар вақти  нодорӣ  ва саховататон  ҳангоми дороӣ.
Зиг Зиглар
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ДУХТАРАК  ВА УСУЛИ МУҲОСИРАИ КОРОНАВИРУС
Ба духтараки чордаҳсолаи амрикоӣ Аник Чеброл муяссар гардид тарҳи  молекулаеро бисозад, ки хорҳои SARS CoV-2-ро муҳосира менамояд ва ба он имкон намедиҳад, ки бо ҳуҷайраҳо пайваст гардад. Дар натиҷа, вирус дар организм афзоиш намеёбад. Олимон бар он назаранд, ки бозёфти хонандаи чордаҳсола дар сохтани доруи зидди коронавируси нав ёрӣ мерасонад. Бо ин ихтироот  Чеброл дар озмуни олимони ҷавон 3M Younq Scientist Challenqe ғолиб ва соҳиби 25 ҳазор доллари амрикоӣ гардид.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ҲАР КАСЕ  МОЛИ ДИГАРЕРО МЕДУЗДАД,   МОЛИ ХУДАШРО НИЗ АЗ ДАСТ МЕДИҲАД
Боре Хоҷа Шардин бо ҳамсояаш дар лаби дарё қадам мезаданд. Ногаҳон чашмашон ба саворае афтод, ки говеро пеш-пеши асп медавонд. Онҳо пай бурданд, ки ӯ дузд аст.
Шардин зуд як пойафзолашро аз пой кашида, байни роҳ мепартояд ва ҳарду пушти буттаҳо пинҳон мешаванд. Савора кафшро дида, пиёда мегардад ва говро дар дарахт баста, пойафзолро мегираду ҷуфти дигарашро меҷӯяд. Дар ин вақт Шардин бо ҳамсояаш ҳайвонро ба ҷангал бурда мекушанд ва каллаашро ба дарё меандозанд. Чун дузд ҷуфти дуюми кафшро наёфта бармегардад, мебинад, ки гов ҳам нест: «Бандро канда ба хонаи соҳибаш рафтааст», - ба худ мегӯяд ӯ. Ногаҳон дар дарё каллаи гов намоён мешавад. Ӯ гумон мекунад, ки говро об бурда истодааст. Зуд ба назди он мерасад, вале ҷуз калла чизеро намеёбад.
- Ин корро кӣ кардааст! Лаънат ба ман, агар дуздро надорам! - гуфта медавад, то либосҳояшро бипӯшад. Аммо либос ва аспашро намеёбад. Зеро Хоҷа онҳоро пинҳон карда буд. «Мегӯянд, ки ҳар касе  моли дигареро медуздад, моли худашро низ аз даст медиҳад!», – рост будааст гуфт дузди муҷозотдида.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


МАСЛИҲАТИ МАРК ТВЕН
Марк Твен дар таҳрири дастхатҳои як шогирди навқалам ранҷи зиёд кашид, ки дар ниҳояти кор барояш нома навишт:
- Дӯсти азиз, духтурони баобру ба нафароне, ки кори фикрӣ мекунанд, хӯрдани моҳиро тавсия медиҳанд, зеро  гӯшти ин ҷонвар фосфори зиёд дошта, метавонад майнаи сарро ташаккул диҳад. Ман, албатта, табиб нестам, вале навиштаҳоятонро хонда, ба чунин хулоса омадам, ки хӯрдани ду кити миёнаҷусса ба шумо зарар надорад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ФАРОНСА
Шоҳи Фаронса Карли V солҳои аввали ҳукмронӣ (1360-1380)  китобхонаи салтанатиро дар яке аз толорҳои Лувр  сохт, ки дар оғоз ҳазор нусхаи хаттӣ дошт. Он соли 1789 Китобхонаи миллии Фаронса номгузорӣ гардид.
Бо беш аз 10 миллион  нусха китоб бузургтарин китобхонаи ҷаҳон шинохта шудааст ва ҳоло ҳашт бахш дорад.
Китобхона дар маҷмӯъ, дорои 13 миллион  нусха китобу осори чопӣ, 250 000 дастнавис, 250 000 нашрия, 12 миллион акс, беш аз 800 000 нақша, 2 миллион фиттаи мусиқӣ, 1 миллион санади овозӣ, 98 000 санади видеоӣ, 530 000 қитъаи сикка ва медал, 117 000 китоби электронӣ, 250 000 акси электронишуда, 2 651 нафар корманд буда, буҷети он дар як сол 250 000 евроро ташкил медиҳад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ЯГОНА ПАРКИ АЛМОС ДАР ДУНЁ 
Кевин Кинарди 33 – сола, менеҷер аз шуъбаи бонки Момеля, дар ҳудуди парки давлатии «Танӯраи алмосҳо» алмосеро бо вазни 9, 07 қирот дарёфт намуд. Ин ягона паркест, ки дар он одамон метавонанд алмос биҷӯянд ва онро аз худ намоянд.
Аввалин бриллиант дар ин ҳудуд соли 1906 дарёфт гардид. Алҳол парк 24 соат боз аст. Муштариён барои кофтан бо худ асбоб меоранд ва ё ҳар чизи ба алмос монанди дар сатҳи заминбударо меғундоранд. Замони берун рафтан, кормандони парк бозёфтҳоро тафтиш мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо чӣ дарёфт кардаанд.
Кевин Кинард гумон надошт, ки дар байни кристаллҳои пайдонамудааш ин гуна чизи баарзише мавҷуд аст. Менеҷери парк хабар дод, ки дар байни бозёфтҳо алмоси вазнаш аз 9 қирот зиёд пайдо гардид.
Соли равон дар парки «Танӯраи алмосҳо» 246 алмос бо вазни умумии 59, 25 қирот пайдо гардидааст, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1-2 алмосро ташкил медиҳад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ВАҚТЕ ПЕШИ ПОИ МОДАР САҶДА МЕКУНЕМ...
Дар тамоми муассисаҳои таълимии Индонезия як рӯзи бисёр аҷиб аст. Он рӯз модари ҳар хонанда ба муассиса даъват мешавад. Донишомӯзон бо эҳтироми хос назди модарони худ ҳозир шуда, пойҳои онҳоро мешӯянд.
 Амали мазкур ба хотири он сурат мегирад, ки на танҳо толибилмон, балки тамоми инсоният  дар ҳаққи волидон ғамхорӣ карданро фаромӯш накунанд, зеро эҳтирому дастгирии модар қарзи фарзандист. Тасмими дурусти гирифтаи ҳукумати Индонезия самар овард. Ин аст, ки дар  ин давлати 270 миллион аҳолӣ дошта ягон хонаи пиронсолон нест.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БУЗУРГОН НАМЕМИРАНД
Аз қазо дари хонаи Бернард Шоуро ҳам масъули идораи суғурта кӯфт:
- Мехоҳам умри шуморо суғурта кунам, устод,- баъд аз шиносоӣ арз кард меҳмони нохонда.
- Умри маро?- бо тааҷҷуб пурсид Шоу ва нимшӯхиву нимҷиддӣ илова кард,- магар шумо намедонед, ки бузургон намемиранд?!
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ЕЛГ – ҚАҲРАМОН
Елгро Евгений Шестко аз хурдӣ тарбият намуда, мубориза бурданро бо моддаҳои тарканда омӯзонд. Муддати мадиде нагузашта, саг соҳибашро дар «нуқтаҳои гарм» ҳамроҳӣ мекардагӣ шуд: аввал, макони ҳодисаро Елг месанҷиду пасон Евгений бо гурӯҳи сарбозон меомаданд. Агар чизеро пайхас мебурд, бо ишораҳои махсус Елг ҳамроҳонашро аз роҳ бозмедошт.
Пайдо кардани макони минаҳо барои саг кори душвор набуд. Ҳатто, метавонист онро ба даст гирифта биҷаҳад.  Ба ин минвол ҷони садҳо сарбозро харид. Мутаассифона, пас аз 13 соли хизмат Елг дар яке аз амалиётҳо ҷароҳати вазнин бардошта фавтид. Евгений лавҳаи сангинеро чун нишони хотироти дӯсти содиқаш дар назди идораи милитсия насб карду ба Елг унвони «Қаҳрамони халқии Ҷануб»-ро доданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


НАВИШТАЕ АЗ СОЛИ 1937
Чанде пеш дар шаҳри Тоснои вилояти Ленингради Федератсияи Россия коргарон ҳангоми вайрон кардани як боғчаи куҳна тахтаеро ёфтанд, ки паёми соли 1937 - ро дошт.
Шахси ношинос дар тахта навишта:
“Ин хона соли 1937, дар моҳи май сохта шудааст. Бинокорон бо арзиши ночиз кор карданд. Барои 8 соати корӣ 6 рубл мегиранд, ки танҳо барои як булка хлеб мерасад. Соли таваллуди баъзе аз дуредгарон 1893. Ин колхозчиён аз колхоз гурехтаанд. Дар ҳукумати шӯравӣ, ягон молу мулкдорӣ нест. 1 августи соли 1937 навишта шудааст”.
Имрӯз ин бозёфт дар осорхонаи Тосно нигоҳ дошта мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


АСТЕРОИД БА ЗАМИН НАЗДИК МЕШАВАД
2 ноябр астероиди нав дар масофаи бештар аз 400 ҳазор километр аз Замин мегузарад.
Астероиди нав, ки «2018 VP1»  номгузорӣ ва соли 2018 дар ИМА дар доираи барномаи худкори мушоҳидавӣ барои ҷустуҷӯи астероидҳои нави наздик ба Замин кашф шудааст, аз рӯи ҳисобҳои ситорашиносон, дар рӯзи таъйиншуда соати 11:33 бо вақти ҷаҳонӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон соати 16:33 дақиқа ба замин наздик хоҳад шуд, - изҳор доштанд кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон. Азбаски андозаи астероид 2-3 метр арзёбӣ мешавад, воридшавии эҳтимолии он ба фазои Замин оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт. 
«Гарчанде ки мадори астероид мадори Заминро убур мекунад, бинобар хурд будани андозааш, ин астероид ба гурӯҳи астероидҳои хатарнок шомил нашудааст ва ба он дараҷаи астероиди ба Замин наздикшаванда дода шудааст. Эҳтимоли ба фазои Замин ворид шудани астероид ҳамагӣ 0,4 дарсадро ташкил медиҳад», - мегӯянд коршиносон.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


АВВАЛИН ТӮБИ ФУТБОЛ БО ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ
Ширкати тайвандии «Greendix»   берун аз соҳаи худ чандон маъруф нест.  Он тибқи хоҳиши фармоишгарон панелҳои офтобии гуногуншаклро истеҳсол мекунад.
Чанд сол қабл ҳангоми баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳбарияти «Greendix»   тасмим гирифт, ки маҳсули коркарди ҷадиди  тахассусии худро ба намоиш гузорад. Он тӯби муқаррарии  футболро мемонад, вале дар сатҳаш сексияи панҷгӯшаи тира бо панелҳои офтобӣ мавҷуд аст, ки сенсорҳои ҳаракат ва динамикаи дохили тӯбро неру медиҳад. Тибқи гуфтаи ихтироъкорон, ҳадафи ин тарҳи мароқангез ба ҷомеа нишон додани имконоти мавҷуда дар истеҳсоли элементҳои нерубахш мебошад. Инчунин, ба одамоне, ки дараҷаи биноиашон пасттар аст, имкон диҳад, то футбол бозанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


БАҲРҲО  ОНҲО НИЗ ВИЖАГИҲОИ ХУДРО ДОРАНД
1. Баҳри Мармар хурдтарин дар ҷаҳон буда, масоҳаташ ҳамагӣ 11  000  километри мураббаъро фаро мегирад.
2. Баҳри Мурда шӯртарин баҳри  олам ба ҳисоб меравад. Як литр оби он  дорои 270 – 310 грамм намак мебошад.
3. Баҳри Сурх гармтарини баҳрҳо дар ҷаҳон мебошад, ҳарорати миёнаи он дар моҳи феврал  + 18 дараҷаро ташкил медиҳад. Гармии он дар шимол ба +25, +26 ва дар ҷануб  ба + 50 мерасад. Сатҳи гармии об дар тобистон +32 ва дар соҳилҳояш то +36 дараҷаро  ташкил медиҳад.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2020    №: 210    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед