номаҳо
ПИНДОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА РАФТОРИ НЕК АЗ ҲАМА БОЛОТАР АСТ
Аз қадимулайём тоҷикон миёни оламиён ҳамчун миллати бафарҳанг ва дорои одоби баланд шинохта мешаванд. Ниёгони пурифтихори мо дар асарҳои мондагори худ ҳамеша моро ба роҳи ростӣ, доштани ахлоқи ҳамида, омӯхтани касбу ҳунар ва донишандӯзӣ ҳидоят менамуданд.
Вале, бо вуҷуди ин, имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки баъзе нафарон аз хислатҳои неки инсонӣ фарсахҳо дуранд ва нисбати атрофиён беҳурматӣ мекунанд. Бахусус, ин амалҳои номатлуб дар нақлиёти мусофирбари шахсӣ аз ҷониби бархе ронандагону ёваронашон ба чашм мерасад. Онҳо бо бадрафторию бадгӯӣ ва таҳқири мусофирон шаъну шарафи инсониро паст мезананд. Ва боиси таассуф аст, ки касе ба онҳо чизе намегӯяд. Пас агар мо – ҳама бетарафиро ихтиёр кунем, ҳисси худшиносиву ватандӯстии мо чӣ мешавад? Кӯдаконамон аз мо чӣ ибрат мегиранд? Аҳли ҷомеа бояд аз рафторҳои бад ҷилавгирӣ намояд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки дар қонунгузории кишвар вобаста ба ин, иловаҳо ворид намоем ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ронандагони нақлиёти мусофиркаши шахсиро таҳти назорат гиранд. Бигзор ронандагоне, ки нисбати мусофирон беадабӣ мекунанд, дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Онҳоро метавон на танҳо ҷарима баст, балки ба муҳлати муайян аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кард, ки ба нафъи ҷомеа хоҳад буд. Ба чунин ашхос миёни ҷомеа ҷой нест, зеро барои мардуми фарҳангпарвари тоҷик пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз ҳама болотар аст.
Сайёраи АВАЗ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2020 №: 211 Мутолиа карданд: 9380