ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022 – 2023 ва дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022 – 2023 баррасӣ шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирии таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гашт.
Даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020-ум 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 дарсад зиёд мебошад. Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар, даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 дарсад зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Таъмини нақшаи даромади ҷории Буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сиёсати Буҷети давлатӣ таъмини уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба коҳишёбии қисми даромади Буҷети давлатӣ дар заминаи таъсири манфии омилҳои беруниву дохилӣ ба иқтисоди кишвар ва вобаста ба ин дар соли ҷорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани даромади буҷет ҳукумати кишвар зарур донист, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардорад.
Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ менамояд, ки он 47 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои дохиливу берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва хароҷоти иловагии буҷет дар иртибот ба пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID – 19, ҳаҷми маблағгузории дигар соҳаҳо низ дар соли 2021 бо афзоиш ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи COVID – 19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзиро зарур шумурданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он барои солҳои 2022 – 2023 дар назди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, аз ҷумла иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар Буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигарондашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави кор, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар ҷиҳати иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду – се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан ғалладонагиҳо, лӯбиёиҳо, шолӣ, ҷуворимаккаи дон ва ғайра.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои Буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб карданд.
Бояд гуфт, ки сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо мақсади дар амал татбиқ кардани сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунонӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин, дар маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 – 2019” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки барнома бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр қабул гардид. Барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 миллион сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 миллион сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 миллион сомонӣ, дар бар мегирифт.
Ин барнома аз 5 бахш: иқтисодӣ – саноат, кишоварзӣ; ҳифзи иҷтимоӣ – маориф, фарҳанг, тандурустӣ; инфрасохтор– таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ; ҳолатҳои фавқулода ва таъминоти захиравӣ иборат буд.
Дар давоми амалишавии он то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 дарсади нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.
Дар давраи амалишавии барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта шуданд.
Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағи лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 миллион сомонӣ ё 15,8 дарсадро ташкил дод.
Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 742 ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 – 2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ шавад.
Инчунин, дар маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, инчунин, ду хулосаи Ҳукумати кишвар Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи заминсозӣ” баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, аъзои ҳукумати кишвар масъалаҳои дигар, аз қабили Дар бораи Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин дигар дастурҳои Ҳукумати кишвар, ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2020 №: 212 Мутолиа карданд: 9359