ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Ҷинояткор 26 сол ҳабс шуд
Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Шаҳритуз Содиқҷон Сувонқуловро, ки қаблан ду маротиба суд шудааст, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 26 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, номбурда 19 августи соли 2020 ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуда, алайҳаш бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида буд.
С. Сувонқулов баъд аз он дастгир гардид, ки дар ҳолати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш омада, ҳамсояи ӯ - Рустам Раҷабовро, ки дар ҳамонҷо ҳузур дошт, бо зарби корд ба ҳалокат мерасонад. Ҳамчунин, маҳкумшуда аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсараш ва боз як зани дигарро бо зарби корд захмӣ месозад, ки онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мешаванд
ҚАЛЛОБӢ
Нозири барқ ба курсии айбдорӣ нишаст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба як нозири барқ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ айбдор мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, Алишер Назриев, назоратчӣ - барқчии зеристгоҳи «Навбаҳор» - и шабакаҳои барқии ноҳияи Сино давоми солҳои 2018 - 2020 аз шаҳрванд Х. Рабиева ва писари ӯ Д. Рабиев бо роҳи фиреб барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва барасмият даровардани шартномаи техникӣ 3950 сомонӣ гирифта, бо ин кирдораш ба онҳо зарари ҷиддии моддӣ расондааст.
Дар ин робита, нисбат ба А. Нарзиев бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки такроран, бо расондани зарари ҷиддӣ ва истифода аз мақоми хизматӣ содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2020 №: 212 Мутолиа карданд: 890