logo

фарҳанг

ҲАҚШИНОС

Бобо Ҳамдамов. Ин ном барои насли калонсоли кишвар, мардумони ғурурманди навоҳии Кӯҳистони Масчоҳ, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, шаҳри Душанбе хосса онҳое, ки масъули мақомоти судии мамлакат буданду ҳастанд, ошност. Миёни аҳли назар ӯро ҷонфидо, сарбози инқилоб, ҳақбину ҳақшинос ва раиси шаҳри Сталинобод унвон мегиранд. Ин марди ҷонфидо бо меҳнати ҳалол умрашро баҳри беҳбуди зисту зиндагии мардум ва ободии кишвараш масраф намудаву дар як саф бо фарзандони матини кишвар Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва даҳҳо дигарон барои озодии халқи худ ҷонбозиҳо кардааст.

Бобо Ҳамдамов 26 октябри соли 1902 дар деҳаи Ярм, Ҷамоати деҳоти Ланглифи ноҳияи Масчо (ҳозира ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омадааст. То соли 1917 ӯ дар мактаби деҳа таҳсил намуда, маълумоти ибтидоӣ гирифтааст.
Пас аз ғалабаи Инқилоби октябр ва бо омадани Армияи Сурх ба Мастчоҳ Бобо ихтиёран ба сифати роҳбалад - разведчик бо онҳо пайваст. Соли 1923 дар ҳайати полки 4 - уми савора дар шикасти амири Мастчоҳ Аҳмадҳоҷӣ, ҳамчунон, дар торумори босмачиёни ғоратгари навоҳии Қаротегин (ҳозира Рашт), водии Ҳисор ва ғайра ширкати фаъолона дошт.
Охири соли 1923 ӯ раиси шӯрои деҳоти Палдорак, пас раиси Ҷамоати деҳоти Ланглиф интихоб гардида, ду сол адои вазифа кард. Дар охири соли 1925 Бобо Ҳамдамовро раиси комитети иҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ӯротеппа интихоб намуданд. Вай, ҳамзамон, раиси Суди округии вилояти Ӯротеппаву Панҷакент интихоб шуда, то моҳи марти соли 1928 адои вазифа дошт.
Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани 3 - юми фавқулодаи умумитоҷикистонии шӯроҳо доир гашт, ки дар он Республикаи Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии иттифоқӣ (РСС Тоҷикистон) табдил ёфт ва бевосита ба ҳайати СССР дохил шуд.
26 октябри соли 1929 бо қарори КИМ РСС Тоҷикистон Суди Олӣ созмон ёфт ва Бобо Ҳамдамов, ки қаблан дар вазифаи раиси суди округи Ӯротеппа, сипас раиси Суди Мухтор буд, якумин Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон таъйин гардид.
Моҳи январи соли 1931. Ҳаво хеле сард буд. Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон Бобо Ҳамдамов ба рухсатӣ баромад. Хумори зодгоҳаш гирифт. Шабонгаҳ дар хонаи сокини деҳаи Самҷон Сафарбек Хушхонов суҳбат тасфид (аз нақли Азим Карим, сокини деҳаи Самҷон). Чаҳор тан гирди сандалӣ ғарқи суҳбату шеърхонӣ шуданд. Меҳмони хонадон, Абдуллои Кӯлобӣ дар шеъргӯиву сурудхонӣ ҳозиринро дар ҳайрат гузошт. Пас ӯ ба гӯрғулисароӣ пардохт, ки маҳфил аз ҳунараш нур гирифт.
Дар интиҳо Сафарбек аз Бобо Ҳамдамов маъзарат хоста, гуфт, дар ҳалли масъалае ёрӣ расонад. Раис аз муроҷиати расмии дӯсту ҳамдиёри хеш дар ҳайрат монд.
- Аслан, ному насаби меҳмон Сайдалӣ Вализода аст, - парда аз роз бардошт соҳибхона. - Эшонро душмани халқ хонда, ба Қазоқистон бадарға намуданд. Ҳофизи халқ аз Қазоқистон рӯ ба фирор оварда, бо азоби алим ба кӯҳистони Мастчоҳ омадааст. Чандест, ки шоирро дар деҳа мақом дода, номи аслиашро пинҳон доштаем. Ӯро Абдуллои Кӯлобӣ меномем…
Ҳангоми бозгашт Бобо Ҳамдамов Сайдалӣ Вализодаро ба Душанбе овард. Нахуст бо парвандаи «ҷиноятӣ» - и шоир шинос шуд. Маълум гашт, ки ҳофизи халқ гуноҳе надорад. Муғризон, чанд тан аз мансабдорони маҳал аз зарофат, шӯхиву ҳозирҷавобии шоир ба танг омада, ба ӯ гуноҳ часпонда, бадарғааш карда будаанд. Бо супориши раиси Суди Олии ҷумҳурӣ парвандаи шоирро аз нав дида баромада, бегуноҳиашро исбот намуданд...
Моҳи июни соли 1932 бо тавсияи КМ ҲК Тоҷикистон Бобо Ҳамдамов раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва ҳамон сол узви Президиуми КИМ Тоҷикистон интихоб гардид.
Он замон шаҳри Душанбе аз як кӯча иборат буд. Ҳамаи муассисаҳои давлатӣ – Шӯрои комиссарони халқӣ, комиҷроияи шаҳр дар ду шафати ҳамин кӯча мавқеъ доштанд. Бобо Ҳамдамов аз рӯзҳову моҳҳои нахустин барои ободии пойтахт камар баст. Вай дар назди худ мақсад гузошт, ки ин деҳаи хурдакак ба шаҳри зебои замонавӣ табдил ёбад.
Душанбе соли 1924 дорои 42 хонаи похсагин ва чандсад нафар аҳолӣ буд, ҳоло дар пойтахт беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ сукунат доранд, ки дар эъмори он ҳиссаи ҷавонмарди кӯҳистонӣ Бобо Ҳамдамов назаррас мебошад.

МАҲБАСИИ ЯКУМ – ИЮНИ 1933
Моҳи июн раис ба рухсатии меҳнатӣ баромад ва бо мақсади истироҳат роҳи Ӯротеппаро пеш гирифт. Аммо, ӯро имкони дамгирӣ надоданд. Дар Ӯротеппа, дар асоси туҳматномае ба дасташ завлона зада, ба маҳкамаи Раёсати давлатии сиёсии Тошканд интиқол доданд. Ӯро то моҳи марти соли 1934 дар маҳбас нигоҳ доштанд. Бегуноҳиаш исбот гардид. Ҳамаи он маводҳо дар ҳаққаш буҳтон будааст.
Душманон рӯҳи ӯро шикаста натавонистанд. Моҳи марти 1934 ӯро аз маҳбас озод намуданд. Вай исбот намуд, ки гуноҳе надорад. Ниҳоят, Коллегияи ҳизбии КМ ҲК (б) Тоҷикистон июни соли 1934 чунин қарор баровард:
«Дар рафти тафтиш гуноҳи Бобо Ҳамдамов тасдиқ нагардид. Тафтиши дукаратаи комиссияи КМ ва КМК нишон дод, ки ӯ гуноҳе надорад. Мувофиқи қарори КМК ҲК (б) Тоҷикистон аз 20 январи соли 1934 Ҳамдамов Б. дар сафҳои партия барқарор карда шавад.
Раис – Мамедов
Котиби техникӣ – Александрова»

МАҲБАСИИ ДУВУМ – 29. 7. 1937
Муғризон ҳанӯз ҳам ором надоштанд ва аз пушти Бобо Ҳамдамов туҳматномаҳо менавиштанд. Моҳи июли соли 1937 ӯро кормандони Комиссариати корҳои дохилии РСС Тоҷикистон дубора ба маҳкама кашиданд. Пас аз тафтишҳо бегуноҳии Б. Ҳамдамов исбот гардид. Раисро моҳи майи соли 1939 аз ҳабс озод намуданд.
Моҳи феврали соли 1940 бюрои КМ ҲК Тоҷикистон кори Бобо Ҳамдамовро мавриди муҳокима қарор дода, бегуноҳиашро исбот ва бо собиқаи аввала ӯро ба сафи ҳизб барқарор карданд.
Б. Ҳамдамов ба зодгоҳаш баргашт ва сукунат дар ноҳияи Мастчоҳро ихтиёр кард. Соли 1954 сокинони деҳаҳои Ярм, Самҷон ва Худгифи Эшонҳоро аз кӯҳистони Мастчоҳ ба водӣ кӯчонданд. Бобо Ҳамдамов, ки он замон раиси колхози ба номи Андрееви ноҳия буд, аввалин шуда бо аҳли хонаводааш ба ноҳияи Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) кӯч баст. Дар инҷо ҳам раиси колхоз интихоб шуд. Он замон дар ҳама ноҳияҳо колхозҳои хурд - хурди бисёр буданд. Бо дархости пирони кор хоҷагиҳои хурд якҷоя мешуданд. Аз ҷумла, ду хоҷагии ҳамсоя ба колхози ба номи Андреев муттаҳид гардид ва таҳти роҳбарии Бобо Ҳамдамов рӯ ба тараққӣ ниҳод…
Бобо Ҳамдамов 2 декабри соли 1972 аз дунё гузашт.
Ҳукумати вақт хидматҳои шоёни шахсияти ҳақҷӯву ҳақшинос Бобо Ҳамдамовро бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «Барои меҳнати шоён» ва дигар унвонҳои баланд қадр кард.

Умари ШЕРХОН, публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2020    №: 212    Мутолиа карданд: 749
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед