logo

ҳуқуқ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ. ҲАДАФ САЗОВОР БУДАН БА БОВАРИИ ШАҲРВАНДОН АСТ

Яке аз дастовардҳои нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи кишвар маҳсуб меёбад, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия сарчашмаи доимамалкунандаи ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, эътирофи арзишҳои олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва салоҳиятҳои онҳо муайян шудаанд.
Конститутсия муқаррар намудааст, ки риоя ва таъмину кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад, ки дар ин раванд судҳои иқтисодӣ дар системаи судӣ мақоми махсус доранд.
Бо мақсади танзими фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар асоси Конститутсия соли 1995 ду санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомоти комили ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои судии иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт.
Судҳои иқтисодӣ ягона мақоми судӣ мебошанд, ки манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дар ниҳоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими қонунгузории иқтисодӣ нақши муҳим мегузоранд.
Аз фаъолияти суди иқтисодии вилояти Хатлон дида мешавад, ки сол то сол муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон меафзоянд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар суди иқтисодии вилоят 259 парванда баррасӣ гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 адад зиёд аст. Афзоиши муроҷиати шаҳрвандон ва баррасии парвандаҳо агар аз як тараф нишонаи таҳкими боварии мардум ба мақомоти судӣ бошад, аз ҷониби дигар далели равшани ривоҷ ёфтани муносибатҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар ҷомеа аст.
Баҳсҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ барои ҳаллашон  ба суди иқтисодӣ муроҷиат мекунанд, асосан ба иҷро накардани уҳдадориҳои шартномаҳои харидуфурӯш, иҷора, қарз, гарав, даъвои эътирофи ҳуқуқ ба моликият, талаби ситондани маблағи ҷарима аз ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти андоз ва прокуратура, бекор кардани шартномаи харидуфурӯш марбутанд.
Судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон дар баробари моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳо, инчунин, ба тарғибу ташвиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамият дода, пайваста бо аҳолии вилоят вохӯрӣ мегузаронанд ва мазмуну моҳияти қонунҳоро ба аҳолӣ мефаҳмонанд. Ҳамчунин, судҳои сайёрро ба минбари тарғиботи ҳуқуқӣ табдил дода, кӯшиш доранд, дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд. Танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи суди иқтисодии вилоят бо аҳолӣ 103 вохӯрӣ гузаронда шудааст. Сомонаи интернетии суд низ фаъол буда, дар он мавод оид ба парвандаҳои баррасишаванда, фаъолияти ҳаррӯзаи суд, мақолаҳои ҳуқуқӣ ва дигар маълумот ҷой дода мешавад.
Судҳои иқтисодӣ дар замони ҳозира, ки замони муносибатҳои бозоргонӣ мебошад, баҳсҳои соҳаи иқтисодиётро ҳал карда, манфиати тарафҳоро ҳимоя намуда, ба ин васила дар таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муътадилгардонии муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат менамоянд.

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ,
судяи суди иқтисодии
вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2020    №: 212    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед