logo

иқтисод

ЛАХШ. МАРДУМ АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ИСТИҚБОЛИ ГАРМ ДОРАД

Дар ноҳияи кӯҳистони Лахш картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои даромаднок барои аҳолӣ  буда, аз ҳисоби азхуд намудани заминҳои кӯҳдоман сол ба сол майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли он зиёд мегардад. Тибқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар ноҳия дар 5711 гектар картошка кишт карда шуд, ки баробари 130,5 дарсади дурнамо мебошад. Ин нишондиҳандаи бештарини кишти картошка дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аҳолии заҳматпешаи ноҳияи зебоманзари Лахш баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, ки дар  баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии  мардум нақши бузург дорад,  аҳлона талош меварзанд, - иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигорони рӯзнома, раиси ноҳияи Лахш  Файзулло Баротзода.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи  соли равон 122  миллиону 849 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 475,7 ҳазор сомонӣ ё 4,7 дарсад зиёд мебошад. Соли равон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав ва пешгирии шӯршавии он чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Кишоварзони ноҳия соли равон дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар майдони 1128 гектар зироатҳои ғалладона, 5711 гектар картошка ва 239 гектар  сабзавот кошта, ҳосили хуб ба даст оварданд.
Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан картошка ва пешгирии талафёбии он шумораи сардхонаҳо зиёд карда шуд. Айни  замон дар ноҳия 14 анбори мавсимӣ мавҷуд аст, ки ғунҷоиши умумиашон 4062 тоннаро ташкил медиҳад. 
Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, дар ин ноҳияи дурдаст, инчунин, таъсиси корхонаҳои парандапарварӣ, истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз ҳадафҳои марбут ба рушди соҳа мебошанд ва дар ин самт лоиҳаю барномаҳо татбиқ гардиданд.
Дар доираи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорон барои ташкили корхонаҳои мевахушккунӣ, истеҳсоли мебел, коркарди ширу пашм ва бандубасти асал таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ворид карда шудааст.
Бо ҷалби  аҳолӣ ҷиҳати таъмиру барқарорсозӣ ва ба мавсими соли оянда омода намудани иншооти обрасонӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои назаррас амалӣ гардиданд. Барои омода намудани каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ, ки тавассути онҳо зиёда аз 4090 гектар заминҳои корам обёрӣ карда мешаванд, ҳашарҳои дастҷамъона ташкил ва техникаҳо сафарбар карда шудаанд.
 Дар ноҳия мавсими ҷамъоварии кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар мавзеъҳои кӯҳдоман идома дорад. То имрӯз меҳнаткашони  ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 27570 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6263 тонна  зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар ин муддат 2542 тоннаро ташкил медиҳад.  Дар ҳамаи  соҳаҳои хоҷагидории ноҳия 1536 тонна мева истеҳсол гардидааст, ки назар ба порсола 9 тонна зиёд мебошад. Қисми муайяни маҳсулоти кишоварзии дар ноҳия истеҳсолгардида, аз ҷумла картошка ва мева, дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Зикр бояд кард, ки барои амалӣ намудани нақшаҳо дар самти рушди кишоварзӣ  чанд мушкиле ба назар мерасад, ки дар ҳалли онҳо вазорату идораҳо ва шарикони рушд метавонанд саҳмгузор бошанд. Куҳнаю фарсуда гаштан ва аз фаъолият боз мондани қисми иншооти гидротехникӣ ва шабакаҳои обёрӣ, инчунин, дастрас набудани техникаю мошинолот  ҷиҳати  тоза  намудани  наҳру каналҳои обгузар аз ҳамин ҷумлаанд. Инчунин, солҳои охир зиёд шудани ҳашароти зараррасон ва ба касалиҳои  гуногун дучор шудани дарахтон  ба мушоҳида мерасад.  Дар ин масъала тавсияи мутахассисони  Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дахлдор метавонад гиреҳи ин мушкилотро боз намояд, вале,  мутаассифона, дар ин самт то ҳол кори амалие дида намешавад. Норасоии маводи доруворӣ  ва кимиёӣ бошад, мушкилотро дучанд мегардонад.
Имрӯзҳо дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ бо маром идома дошта, заҳматкашони зафарпеша баҳри боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, тавассути аз худ намудани заминҳои бекорхобида  саъю талош меварзанд.
      
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2020    №: 213    Мутолиа карданд: 781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед