logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 октябри соли 2020

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Ҳомиёни шуҷои Ватан!
Дар ин лаҳзаҳое, ки тибқи муқаррароти қонун маросими савгандёдкунии фармондеҳону афсарон ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегардад, пеш аз ҳама, ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳамаи шумо барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориатон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва, умуман, таъмини волоияти қонун изҳори сипос мекунам.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки барои иҷрои ваколатҳои конститутсионии Роҳбари давлат ва амалӣ гардидани ҳадафу барномаҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири рушду тараққиёти давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, риояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, яъне волоияти қонун зарур аст, ки ҳифз кардан ва таъмин намудани онҳо рисолати касбӣ ва вазифаи ҷонии хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Хотиррасон месозам, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, ба ҳисоб меравад.
Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо садоқати худро ба савганди ҳарбӣ, давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон борҳо исбот кардаанд.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки сатҳи баланди тайёрии касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз сатҳу сифати таълиму тарбияи афсарону сарбозон, риояи ҳатмии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизоми қатъӣ, ҳушёриву зиракӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Ватан, давлат ва халқ вобаста мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат ва бо кадрҳои ҷавони ба талаботи замона ҷавобгӯй таъмин намудани ҷузъу томҳои низомиро аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ мешуморад.
Махсусан, солҳои охир, ки авзои ҷаҳон торафт печидаву мураккаб ва пешгӯинашаванда гардида, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, вусъат пайдо карда, ҳатто, истиқлоли баъзе кишварҳои сайёраро осебпазир гардондаанд, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавону обутобёфта, ватандӯсту ватанпараст ва дорои донишу малакаи муосир барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмин намудани омодабошии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва сулҳу оромии кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Дар чунин шароит роҳбарону фармондеҳони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо роҳи татбиқ намудани низоми наву муосири идоракунии ҷузъу томҳо, ҷорӣ кардани усулҳои самарабахшу муассири мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малака ва қобилияти ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Бо дарназардошти он ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи аркони асосии давлатдории миллии мо мебошанд, давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо мақсади навсозии заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамояд.
Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оянда низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан ва давлати соҳибистиқлоли хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳораташонро ба хотири ҳифзи арзишмандтарин дастовардҳои халқи тоҷик – Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеа сафарбар месозанд.
Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ба шумо – фарзандони далери мардуми шарифи Тоҷикистон ва ворисони ин сарзамини воқеан куҳанбунёди таърихӣ таъкид менамоям, ки Ватану миллати худро баробари модар ва ҷони хеш дӯст доред ва ба он содиқу вафодор бошед, зеро осудагиву тараққиёти Тоҷикистони маҳбуб ва пешрафту ободии кишвари азизамон дар навбати худ ободиву осоиши хонадони ҳар яки шумо низ мебошад.
Ба ҳар кадоми шумо – афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне ҳомиёни матиниродаи Ватан дар иҷрои вазифаҳои пуршарафу муқаддас – ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, саломатӣ, иродаи матин ва рӯҳи қавӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 3464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед