logo

сиёсат

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Суга Ёсихидэ, Сарвазири Япония:
“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Аз лаҳзаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон, Япония пайваста бо кишвари Шумо ба нафъи рушди он ва суботи минтақавӣ ҳамкорӣ мекунад.
Бо дар назар доштани он ки соли 2022 ба барқарории муносибатҳои дипломатии Япония ва Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад, ман ният дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо – Ҷаноби  Олӣ тамоми имконотро ҷиҳати таҳкими муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ дар чорчӯбаи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония», мавриди истифода қарор диҳам.
Эътиқод бар он дорам, ки ҳамкорӣ бо Шумо,  бо дарназардошти таҷрибаи ғании Шумо,  ба таъмиқ ва тавсеаи минбаъдаи шарикиамон мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям”.

Имрон Хон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон:
“Ҷаноби Олӣ!
Хушҳолам аз номи мардум ва Ҳукумати Покистон ва аз номи худам табрикоти самимиро ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонам.
Идомаи раёсати ҷумҳурии Ҷаноби Олӣ инъикосгари эътимоди баланд ва бовари комили мардуми Тоҷикистон мебошад.
Покистон ва Тоҷикистон робитаҳои бародарона доранд, ки дар таърих ва фарҳанги муштараки мо, ҳамчунин, дар робитаҳои тамаддунии мо реша давондаанд.
Мо сидқан мехоҳем, ки миқёси ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам амиқ гашта, густариши бештар  ёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам аз самими қалб аз Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ташриф ба Покистон даъват биёварам. Мардуми Покистон бесаброна мунтазири истиқболи Шумо дар наздиктарин фурсат мебошад.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому дар фаъолияти ояндаатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.
Фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ғанимат медонам”.

Эгилс Левитс, Президенти Ҷумҳурии Латвия:
“Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти инҷонибро аз номи мардуми Латвия ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Ман ба Шумо дар идомаи масъулияти баландатон, ҷиҳати таъмини субот ва рушди иқтисодиёти кишваратон, муваффақият хоҳонам.
Умедворам муносибатҳои Латвия ва Тоҷикистон  минбаъд низ дар соҳаҳои гуногуни манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маориф, рушд хоҳанд ёфт.
Ман, инчунин, интизори ҳамкориҳои пурсамар дар доираи муколамаи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар чаҳорчӯби ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред”.

Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Молдова:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентӣ аз номи мардуми Молдова ва, шахсан, аз номи худам беҳтарин табрикоту таманниёти самимӣ   ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон бар нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳои ҷадидро иброз менамоям.
Бо интихоб карданатон ба маснади олии давлатӣ мардуми тоҷик ба Шумо бовари баланд изҳор намуда, роҳи Шуморо дар рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таври васеъ дастгирӣ кард.
Муътақидам, ки ҳамкориҳои самарабахши Молдова ва Тоҷикистон, ки бар дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд ҳам дар соҳаҳои гуногун муваффақона густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, комёбӣ ва дастовардҳову пирӯзиҳои нав орзу намуда, хоҳишмандам пазироии эҳтиромоти амиқи маро қабул намоед”.

Станислав Зас, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин ва гармтарин табрикотро бипазиред.
Дар пасманзари пирӯзии мутлақатон обрӯи Шумо, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсолаатон чун Сарвари Тоҷикистон ба даст овардаед, ҳамчунин истеъдоди пешвои бомарому фаъол аён мегардад.
Дар кишварҳои аъзои СААД ба дастовардҳои рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ дар такя ба анъанаҳои миллӣ, бовар ва дастгирии мардуми тоҷик, инчунин, ба муваффақиятҳои он дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёди заминаи мудофиавӣ бо таваҷҷуҳи зиёд менигаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарваронаи хориҷиро татбиқ  намуда, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯи сазовор бархӯрдор мебошад. Кишвари Шумо дар сафи аввали мубориза бо маҷмӯи таҳдиду хатарҳои  муосир қарор дошта, ба фаъолиятҳои дастҷамъонаи давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳким бахшидани амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми калон мегузорад.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ аз самими қалб саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ муваффақиятҳои нав орзу менамоям”.

Уилям Александр, Шоҳи Нидерланд:
“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.
 Ман бесаброна интизори идомаи кори муштаракамон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ҳастам. Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи бештар баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҷаҳонии мо нисбати захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад.
Итминон дорам, ки муносиботи созандаи байни кишварҳои мо минбаъд низ бар манфиату шукуфоии мардумони мо рушд хоҳанд ёфт”.

Эммануэл Макрон, Президенти Ҷумҳурии Франсия:
“Ҷаноби Президент!
Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Сарвари давлати Тоҷикистон мехостам ба Шумо бо таманниёти беҳтарини муваффақиятҳо дар иҷрои ваколатҳои ҷадидатон муроҷиат намоям.
Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Париж, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди  таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам. 
 Ман, ҳамчунин, мехоҳам дастгирии Франсияро аз талошҳои Шумо ҷиҳати таъмини суботи минтақа, инчунин, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва инсонии он таъкид намоям. Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии “5+1”, ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд. 
Ҷаноби Президент, изҳори эҳтиромоти фоиқаи ин ҷонибро қабул фармоед”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи  Котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ва Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ворид гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед