logo

ҳуқуқ

“КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ - 2020”. ЧОРАБИНИҲО АЗ ИШКОШИМ ОҒОЗ ШУДАНД

Дар асоси нақшаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ - 2020» зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъаовар мубориза мебарем”, бо ҷалби доираи васеи ҷавонону наврасони кишвар, аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе доир мешавад.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нахустин чорабинӣ дар ноҳияи Ишкошим доир гардид. Вохӯрии мазкур давоми ду рӯз бо гузарондани мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, шашка ва шоҳмот, идома ёфта, дар онҳо ҷавонону наврасон ва дигар табақаҳои аҳолии ноҳия ҷалб шуданд. Мақсади баргузории чунин чорабинӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 сарчашма гирифта, ба  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ равона гардидааст.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳия Мӯсо Мӯсозода, зимни баромади худ, иброз дошт, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ менамоянд. Зикр шуд, ки таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб метавонад ба тамоми табақаи ҷомеа зарари худро расонад.
Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентии назорати маводи нашъаовар Бозоралӣ Сафарализода қайд намуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, бахусус суистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.
Инчунин, зикр шуд, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамкории дастаҷамъонаи ниҳодҳои масъули давлатиро тақозо менамояд, зеро хатари он ба тамоми қишрҳои ҷомеа таҳдид мекунад.
Зимни чорабинӣ, намояндагони насли наврас ва дигар шахсони масъул баромад намуда, оид ба зарар ва оқибатҳои ин маводи марговар, ибрози ақида намуданд. Дар интиҳо ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши  муштараки «Корвони зиддимухаддиротӣ - 2020» фарогири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - Ишкошим, Хоруғ, Дарвоз, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Душанбе буда, дар ин шаҳру ноҳияҳо низ доир хоҳад шуд.

Сафаргул АЛИМОВА, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед