logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бо мақсади мутобиқ кардани меъёрҳои конститутсионӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як шохаи ҳокимияти давлатиро ҳокимияти судӣ эътироф кардааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр меъёрҳои нав вобаста ба ҳокимияти судӣ муқаррар шудаанд, ки аз меъёрҳои конститутсияҳои пешин куллан фарқкунанда мебошанд. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи низоми нави ҳокимияти судӣ мебошад.
Бо назардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳилаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар карда шуд. Дар иртибот ба ин дар Конститутсия боби алоҳида ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ бахшида шудааст.
Дар солҳои истиқлолият дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ дар низоми судии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гашта истодаанд. Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар сохтори судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуда, қонунҳои соҳавӣ, кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оила, меҳнат ва ғайра қабул гардид.
Воқеияти равшан аст, ки халқи Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ кардани меъёрҳои конститутсионӣ ба ҳаёти мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ меъёрҳои конститутсиониро 3 маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 такмил додаанд. Конститутсия санадест, ки ҳаёти мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия мешавад ва наметавонад берун аз муҳити мавҷуда амал намояд. Аз ин рӯ, он санадест, ки метавонад тағйиру такмил дода шавад ва ба воқеият ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол арзиши меъёрии ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.
Ҳар як тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда барои инкишофи ҳокимияти судӣ ва идома додани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ нақши назаррас доранд. Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи дар соли 1999 воридшуда, ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар санаи 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин тағйиру иловаҳо ҳам баҳри мустаҳкам гаштани ҳокимияти судӣ таъсири худро гузошт. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, муқаррар карда шуд, ки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ба муҳлати 10 сол интихоб ё таъйин карда шаванд. Синни ниҳоии шахсони ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда аз 60 - солагӣ ба 65 - солагӣ расонда шуд. Ин тағйиру иловаҳо шаҳодати он аст, ки такмил ва рушди ҳокимияти судӣ талаботи замон буда, мавриди диққати махсуси давлат ва шаҳрвандони мамлакат қарор дорад. Чунки ҳокимияти судӣ ниҳодест, ки тавассути он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин мегарданд.
Маротибаи охир 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуд, ки дар самти фаъолияти мақомоти судии кишвар дигаргуниҳои назаррасро ворид кард. Аз ҷумла Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Ин тағйирот боис ба он гашт, ки ҳокимияти судӣ пурра мустақил гардад ва фаъолияти худро дар ҳама самтҳо тавассути мақоми болоии худ амалӣ гардонад. Ислоҳоти мазкур барои мустаҳкам гаштани нақши ҳокимияти судӣ дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва   мустақил гаштани судяҳо аз дахолати дигар мақомотҳои давлатӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард. Дар асоси тағйироти мазкур ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки таъсис ёфтани Шӯрои адлияи Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар соли 1999 иштибоҳ набуда, як марҳилаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад. Чунки дар он солҳо ҳокимияти судии кишвар дар шакли нав ташаккул ёфта буд ва бо роҳи ташкили як ниҳод чун Шӯрои адлия барои дар оянда пурра ҷудо ва мустақил кардани ҳокимияти судӣ аз дигар мақомотҳои давлатӣ асоси воқеӣ буд. Инчунин дар ин навбати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар боби 8 як қатор тағйиротҳои дигар ворид карда шудаанд. Аз қабили он ки дар меъёрҳои номзадӣ ба вазифаи судягиро муқарраркунанда ибораи “танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад” илова карда шуданд, яъне ҳама номзадҳое, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод карда мешаванд, бояд танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ин муқаррарот ба он хотир аст, ки ба мисли дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ (аъзо ва вакили Маҷлиси Олӣ, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад.
Ҳамаи ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳким бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ ва идомаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқии кишвар мебошанд.

О. НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сармутахассиси маркази таълимии судяҳои
назди   Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 1002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед