logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар зиндагӣ ашхоси некному қавииродае ҳастанд, ки фаъолияти меҳнатии онҳо на танҳо барои имрӯз, балки барои фардои ҷомеа ибратбахш мебошад. Ватандорӣ, дӯстдории марзу буми он дар симои халқи кишвар ба ҳар навъ таҷаллӣ меёбад. Ташаббус, ҷустуҷӯи роҳи ҳаллу фасли мушкилиҳо, хайру эҳсон дар ин ҷода аз рукнҳои  шоистаи меҳанпарастианд. Барои нафарони хайрхоҳ баҳри ободонӣ ва осудаҳолии мардум заҳмат кашидан, саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи нообод вазифаи муқаддас ва ифтихорист. Агар ҳама сидқан камбудӣ,  норасоии як бахш, як соҳа,  як маҳалро ислоҳ созанд, дар маҷмӯъ,  кишвари мо ба саодати комил хоҳад расид.
Шахсони ташаббускору  хайрхоҳ  арзандаи  таҳсину ситоишанд, зеро дар замири онҳо танҳо андешаи саҳм гузоштан ба ободии диёр ва хурсандӣ бахшидан ба диле шуълавар аст. Манзур аз ин гуфтаҳо амалҳои хайру савоби Аъзам Садиров, сокини деҳаи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг, мебошад. 
Нахуст мушкилиҳои деҳа ва зиндагии аҳолии он ӯро ба ободонӣ водор сохт. Дар деҳаи Кӯлдара системаи обёрӣ мавҷуд набуд ва мардуми деҳа аз масофаи  зиёда аз як километр бо маркабу ароба об мекашонданд. Роҳҳо таъмирталаб буданду  дар деҳа беморхона вуҷуд надошт. Мақсад гузошт, ки заррае ҳам бошад, баҳри ободии деҳа саҳми худро гузорад.
Аъзам Садиров, пеш аз ҳама, нақшаи ба деҳа овардани оби нӯшоиро ба миён гузошт. Бо ин мақсад аз ташкилотҳое, ки самти фаъолияташон маҳз ба ободонии деҳаҳои дурдаст равона гардидааст, кумак хост. Лоиҳаи аз масофаи 7 километр ба деҳа овардани оби нӯшоӣ қабул гардид. Бо роҳбарии ӯ ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид ва бо саҳми сокинони деҳа корҳои кандани замин, хобондану пайваст ва хокпӯш кардани лӯлаҳо тариқи ҳашар анҷом дода шуданд. Ҳамин тавр, дар рӯзи Модар ва бонувон - 8 март ба маркази деҳа аз зери кӯҳ оби тозаи нӯшоӣ  оварда шуд. Хурсандии мардумро ҳадду канор набуд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон, ҳаҷми об дар як шабонарӯз 25 тоннаро ташкил дод, ки ба сари ҳар як оилаи деҳа 600 - литрӣ рост меояд.
Тавре сокинони  деҳа мегӯянд, ин амал аз ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободонӣ манша мегирад.
Пас аз ҳалли мушкилоти об боз зарурати бунёди як нуқтаи тиббии замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ ба миён омад, зеро аҳолии деҳа дар ин самт мушкилӣ доштанд ва барои муолиҷа ба ҷойҳои дур мерафтанд. Бо ташаббуси А. Садиров бо роҳи дастаҷамъӣ аз ҳисоби  мардуми деҳа маблағи зарурӣ ҷамъ гардид. Онҳо бо роҳи ҳашар як бунгоҳи тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор доданд. Ҳоло дар ин бунгоҳи тиббӣ 5 нафар кор мекунанд ва корафтодагони ду деҳа - Кӯлдара ва Навроҳо аз он истифода мебаранд.
Ободониҳо идома ёфтанд. Бо саҳми сокинон роҳҳои байни деҳа пурра таъмир шуданд. Инчунин, аз дараи байни кӯҳ бо воситаи лӯлаҳои обгузар об оварда, барои чорвои сокинони деҳа обхӯра сохта шуд.
Иқдоми хуби сокинони  Кӯлдараро мардуми деҳаҳои ҳамсоя хуш пазируфта,  барои ободии деҳаҳои худ камар бастанд.
Аъзам Садиров пешаи омӯзгорӣ дораду  тӯли 25 сол дар мактаби деҳа фаъолият намуда, барои пешрафти соҳа ва тарбияи шогирдон ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Обрӯи инсон, пеш аз ҳама, аз бо ғаму шодии халқ шарик будан, эҳтироми мардумро ба ҷо овардан, меҳнати ҳалол кардан ва хоксорию  фурӯтанӣ ба даст меояд. Натиҷаи заҳматҳои пайваста ва чунин хислатҳои ӯст, ки имрӯз дар байни ҷомеа соҳиби обрӯю эҳтироми хосса мебошад.
- Мақсади мо ин аст, ки мардумро ба корҳои хайр далолат намоем, то ки сафи нафарони хайрхоҳ афзуда, барои рушду нумӯи Ватани азизамон саҳмгузорӣ кунанд, - гуфт А. Садиров.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед