logo

иқтисод

КӢ ҲАҚ АСТ? БАҲСИ ИДОРАҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ВА БАРҚ

Роҳбарияти муассисаи чароғонкунии шаҳри Бохтар мавҷудияти қарзҳои ҳангуфт аз ҳаққи истифодаи барқро бо далелҳо рад кардан мехоҳад.
Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар қарзи муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳри Бохтарро 10 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Аммо Миралишоҳи Сайфиддин, сардори ин муассиса, мегӯяд, ки онҳо ҳамагӣ 2 миллиону 50 ҳазор сомонӣ қарздоранд. 
- Имсол ҳангоми тартиб додани хароҷотнома қарзҳоро 300 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда, 150 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқро пардохт кардем. Ният дорем, ки ҳамаи қарзро то охири сол ҳисобӣ кунем. Мушкил дар он аст, ки ҳарчанд мо 70 дарсади чароғҳои ҳудуди шаҳрро ба ҳисобкунакҳо пайваст кардаем, аммо мутасаддиёни шабакаҳои барқи шаҳр нишондодҳои онҳоро сарфи назар карда, мегӯянд, ки баъд аз 100 дарсад пайваст кардан ҳисоби онҳоро ба инобат мегиранд. Оид ба пардохтҳоямон расид (квитансия) ҳам дорем. Шабакаи барқ истифода шудани неруи барқро аз рӯйи ченаки тавоноии барқӣ дар тобистон 12 соат ва дар зимистон 16 соат ҳисоб карда, аз мо маблағ талаб дорад. Албатта, мо ба ин розӣ нестем, - гуфт М. Сайфиддин.
Дар мавриди қарзҳо Аҳлиддин Шарифзода, сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, гуфт, ки қисми маблағҳо (зиёда аз 7 миллион сомонӣ), ки муассисаи чароғонкунӣ қабулашон надорад, беэътимод ҳисобида шудаанд ва агар пардохт нашаванд ҳам, шабакаҳои мазкур ягон эрод надорад.
- Ин қарзҳо аз солҳои пешанд. Мо фақат зиёдтар аз 2 миллион сомониашро талаб дорему бас, - тавзеҳ дод ӯ.
Дар бобати ба назар нагирифтани нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқӣ А. Шарифзода чунин гуфт:
- Агар онҳо ҳисобкунак васл карда бошанд, бояд ба мо мактуб ирсол карда, дар ин хусус маълумот диҳанд. Чаро мо нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқиро қабул намекунем?! Мекунем! Соли 2018 ҳамагӣ 8 - 9 ҳисобкунак насб карданд. Аз ин рӯ, маблағашон то ҳол аз рӯйи тавоноии барқӣ ҳисобукитоб мешавад. Ва агар онҳо марҳила ба марҳила ҳисобкунак насб мекарданд, ин мушкил то ин ҳад намерасид.
Масъалаи мазкур дар ҳоле ҳалношуда боқӣ мемонад, ки шумораи фурӯзонакҳои ҳудуди шаҳр имсол боз 1 ҳазор адад афзудааст.
Миралишоҳи Сайфиддин мегӯяд, ки агар баҳсро бо шабакаҳои барқи шаҳр ба тариқи мусолиҳа ё ба таври ҳисоббаробаркунӣ миёни вазоратҳояшон ҳал карда натавонанд, он гоҳ маҷбуранд аз тадбирҳои ҳуқуқӣ кор бигиранд.
Дар маҷмӯъ 720 ташкилоту корхона ва муассиса дар назди Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 90 миллион сомонӣ қарздоранд. Калонтарин қарздорон идораҳои чароғонкунӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг мебошанд.
“Ҷумҳурият” ин мавзӯъро ҳанӯз аввали соли ҷорӣ ба хотири байни ҳам “забон ёфтан”-и қарздорон ва Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар инъикос карда буд, аммо маълум шуд, ки мушкил то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед