logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАТБИҚИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Бори нахуст дар таҷрибаи кишварҳои пасошӯравӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия дар Ҷумҳурии тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон, воқеан, рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсозу кафолати татбиқи ормонҳои деринтизори миллӣ гардид. Ин санади сарнавиштсоз барои халқи асрҳои зиёд аз ҷафоҳои таърих ва ниҳоят, аз оташи ҷанги таҳмилии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ азияткашида, вале ҳамвора пурталошу сулҳҷӯ ва ваҳдатгарои тоҷик чун бахтномаи ояндаафрӯз ва шиносномаи давлатдории навини миллӣ масири рушду пешрафтро муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” таваҷҷуҳи кишварҳои дуру наздикро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷалб намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бар пояи арзишҳои таърихии ниёкони тоҷик, унсурҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи ориёӣ ва бо назардошти ормонҳои таърихии миллат, дарки манфиатҳои давлат, эҳтиром ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳия шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон дошта, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст.
Чунончи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба хиради азалии фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат, дӯстдори пиру ҷавон, набзшиноси давру замон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи давлатдории навини хешро дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба ҷомеаи мутамаддин бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик, воқеан, ворисони арзандаву посдорандаи арзишҳои ниёкони хеш, хосса яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон Куруши Кабир, мебошад. Ин «чеҳраи мондагор»-и таърих барои нахустин бор дар таърихи инсоният намунаи Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳти унвони «Устувонаи Куруш» содир намуда, мутобиқи он дар шоҳаншоҳии паҳновари худ баробарҳуқуқии бошандагони қавму халқиятҳои сершумор ва дорои урфу оину эътиқодоти мухталифро таъмин намуд ва ин қонунномаи ӯ то ба ҳол сарманшаи Эъломияи ҳуқуқи башар ва мояи ифтихори қавмҳои ориёист.
Бо қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз чун машъали фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва мардуми сарафрози онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Конститутсия тавонист чун ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик, омоли халқи меҳнаткашро пурра инъикос намуда, тоҷиконро дар арсаи олам ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Қабули Конститутсияи ҷавобгӯ ба талаботу ормонҳои тамоми қишрҳои аҳолии мамлакат ҷиҳати таъмини сулҳу суботи комил ва иттиҳоду ваҳдати устувори миллӣ дар қаламрави кишвар нақши меҳварӣ бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид.
Конститутсия барои мардуми мо муждаҳое аз имтиёзҳову дастовардҳои беназири миллӣ, аз ҷумла ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба ҳайси забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ, ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ба феҳристи мамлакатҳои аз лиҳози амният осуда ворид гардидани кишвар ва амсоли инҳо овард.
Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Қабули Конститутсия ва дар заминаи он дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаҳои хоҷагидории мамлакат дар зарфи 26 сол худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияти таърихӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ободкориву созандагӣ, ташаббускориву ояндасозии мардуми кишварро таҳким бахшида, баҳри ҳифзу ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои деринаи аҷдодӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд.
Дар шароити аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам беҳдошти саломатӣ (пандемияи коронавирус) бисёр печидаи ҷаҳони муосир дар давоми соли ҷорӣ дар сатҳи бисёр хуби ташкилӣ ва дар фазои осудаву фаъолнокии аҳли ҷомеаи кишвар доир гардидани ду маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябр баёнгари маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии аҳолии кишвар мебошад, ки аз ҷониби нозирони байналмилалӣ сазовори баҳои арзанда ва арзёбии нек гардиданд.
Мушкилтарин ҷабҳаи мубориза дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлолу пуриқтидор, пешрафтаву мутараққӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоид барои инкишофи озодонаи шаҳрвандон ин мубориза алайҳи хоинон – парвардагони носипосу намакношиноси худист, ки фирефтаи бозиҳои сиёсии манфиатдорону муғризон гашта, тамоми арзишҳои волои инсонӣ, ҳиммати ҷавонмардӣ, нангу номус ва қарзи ватандориву шарафи зиндагии шоиставу сарбаландонаро пушти сар гузошта, даст ба амалҳои зишту харобиовар ва аксаран ҷуброннопазир мезананд. Хушбахтона, чунончи зикр шуд, фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонони бо неъматҳои даврони истиқлол парваришёфта, ҳамакнун бамаротиб боло рафта, бозиҳои сиёсӣ, ҳамлаҳои иттилоотии фитнаангез ва туҳмату буҳтонҳои миёнтиҳии бадхоҳону нотавонбиноне, ки дар хориҷ панаҳ бурда, танҳо аз ҳисоби ҳамин “ҳунарнамоиҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ” рӯзбар ҳастанд, барои ҷомеаи мо мисли рӯз равшан аст.
Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.10.20) таъкид намуданд, ки таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.
Ба бахти мардуми шарафманди кишвар, самараи татбиқи Конститутсияи ҷавобгӯ ба ормонҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо сурурбахши қалбҳо, нурбахши дидаҳо ва умедбахши наслҳост. Барои мо халқи Тоҷикистон ҳарчанд ниҳоят гарон афтод, вале боз ҳам бо такя ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат ва фитрати сулҳҷӯю ваҳдатгарои аҷдодиамон дар марҳилаи навини давлатдории миллии худ тавонистем мушкилоту хатарҳои вазнинеро чун фитнаи ҷанги шаҳрвандӣ, хиёнати парвардагони носипоси обу хоки ҳамин сарзамини зархез, таъсири муғризони манфиатдори хориҷӣ паси сар намуда, бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсияи ормонӣ ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ, озодбаёнӣ, зиндагии осоишта ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин буда, ҳадафҳои стратегии кишвар марҳила ба марҳила татбиқ мешаванд.
Ин ҳама, воқеан, мояи ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст ва дорои заковати сиёсии мамлакат мебошад. Чархи таърих ҳар қадар моро аз санаи қабули Конститутсияи ормонӣ, бахтномаи миллат, машъали роҳи садсолаҳои рушду пешрафти давлат дур мебарад, дурустии роҳи интихобкардаамон ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад.
Чунончи, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.10.20) бо ваҷҳи ба худ хоси ватандӯстона, эҳсоси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба халқи азизи кишвар таъкид доштанд: “Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад... Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.
Савганди Пешвои муаззами миллат, дар асл, савганди тамоми пайравонаш – хурду бузурги кишвар, ҳар фарди баору номус ва худогоҳу ватандӯст ва суханони ироашуда сармашқи кору фаъолияти созанда ба хотири ояндаи дурахшони давлат ва саодатмандии наслҳои миллат мебошад.
Бо итминони комил метавон қазоват кард, ки “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, [ки] худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода[-ем]...”, бо доштани ҳомие чун “ҳамон Эмомалӣ Раҳмон” – ҳамон Пешвои соҳибфазлу матинирода, бузургқалбу олиҳиммат, хирадманду ваҳдатгарое, ки дар сангинтарин марҳилаи таърихи мавҷудияти миллат зимоми раҳбариро бар дӯш гирифт, ҳифзи истиқлолу озодиро аз ҷони ширини худ болотар донист, ба хатари марг нигоҳ накарда, баҳри сулҳу ваҳдат ба атрофу акнофи ҷумҳурӣ ва олам сафар кард ва ба қавлу қасами худ то ба имрӯз содиқ монд, бо доштани чунин Сарваре, ки бинобар таҷрибаи сулҳовариаш, Пешвои асри XXI эътироф шудааст, татбиқи бомароми муқаррароти конститутсиониро таъмин намуда, бо фаъолияти созандаву бунёдкоронаи ҳамаи соҳаҳои кишвар ормонҳои таърихии миллати худро амалӣ менамоем ва барои наслҳои минбаъда давлати аз ҳама ҷиҳат пешрафта ва ҷомеаи фарҳангсолору инсонпарваре ба мерос мегузорем.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2020    №: 215    Мутолиа карданд: 1007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед