logo

ҳуқуқ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бисту шаш сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бо раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои зеҳнӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ, сурат гирифт. Халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсия роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Мардуми тоҷик тибқи Конститутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.
Бо қабули Конститутсия мардуми тоҷик дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори таҳмилшуда, наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.  Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони истиқлол шумурда мешавад.
Конститутсияи мамлакат ҳамчун заминаи ҳуқуқии иқтисодӣ ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Ҳамзамон, Конститутсия унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро муқаррар карда, гуногуншаклии моликият, баробарии онҳоро эътироф мекунад. Унсури дигари муҳими иқтисодии ҷомеа – озодии меҳнат аст, ки дар Конститутсия дарҷ гаштааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи худташкиливу худидорашавӣ ташаккул меёбад. Аз ин нуқтаи назар дар Конститутсия имкони худидораи маҳаллӣ пешбинӣ мешавад.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Дар асоси меъёрҳои конститусионӣ, кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф шуда, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати «дарҳои боз»-ро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин, ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Баъдан, тамоми низоми конститутсионии миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонда шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариши раванди демократисозии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо шарофати эҳтиром ва амалишавии Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат рӯзгори мардуми кишвар беш аз пеш беҳтар гашта, пояҳои давлатдорӣ побарҷову мустаҳкамтар ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мегардад.

Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон,
судяи Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2020    №: 215    Мутолиа карданд: 1033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед