logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ҒАЛАБАИ ПАХТАКОРОН

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад. Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Ба иттилои Ҷамшед Шарифзода, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара, пахтакорони зафарпешаи ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин, ҳамчунин, татбиқи барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ амалӣ намуда, имсол кишти ин зироати сердаромадро 217 гектар зиёд намуда, аз майдони 4 ҳазору 587 гектар, истеҳсоли «тиллои сафед»- ро ба ҷои 8 ҳазору 670 тонна ба 9 ҳазору 500 тонна расонда, дурнаморо ба 110 дарсад иҷро карданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба 22 сентнерӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 560 тонна зиёд аст. Дар ин дастоварди баланди меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолии «Сомонҷон», «Раҳмонҷон», «Муҳсинҷон», ҷамоатҳои деҳоти Исмат Шарифов, Лолазор ва Сангтӯда назаррас аст.
Дар ҷамъбасти даври сеюми мусобиқа, ки дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар баргузор гардид, ноҳияи Данғара бо натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ҷои аввалро соҳиб гардид. Туҳфаҳоро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон супурд.
Дар маҷмӯъ, ноҳияи Данғара дар вилоят дуюмин шуда, аз иҷрои дурнамо мужда расонд. Пахтакорони ноҳия аз тухмиҳои хушсифати навъи «Ирам», «Хатлон - 2014», «Флеш» ва «Суғд» истифода бурда, парваришу нигоҳубини онро хуб ба роҳ монданд. Ба ҳар гектар 250 то 300 килограмм нуриҳои фосфории нитрофос, суперфосфат ва аммофос дода шуд. Ҳамаи тадбирҳои фаровонҳосилӣ, аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизодиҳӣ дар асоси меъёрҳои агротехникӣ гузаронда шуда, бар зидди ҳашаротҳои зараровар дар асоси тавсияҳои мутахассисони соҳа аз заҳрҳои кимиёвӣ истифода бурда шуд.
Сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полизӣ, яке аз омилҳои асосии иҷрои дурнамои пахта гардид. Пахтакорон имсол аз об танқисӣ накашиданд. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо роҳбарии Абдулло Муқимов ва Муассисаи давлатии нақби оби Себистон сардораш Файз Одинаев хоҷагиҳои пахтакорро бо воситаи каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо аз аввали мавсим то ҷамъоварии ҳосил бо об таъмин намуда, дар иҷрои дурнамо саҳми калон гузоштанд.
Ҷамшед Шарифзода гуфт, ки имрӯзҳо дар қитъаҳои пахта 287 хоҷагии пахтакор ва 3,5 ҳазор чинакчӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳо талош доранд. Деҳқонон аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ самаранок истифода бурда, рӯзе ба нуқтаҳои қабул зиёда аз 100 тонна пахтаи хушсифат месупоранд. Ба ҳар кило пахтаи чидашуда, ба чинакчиён аз 50 то 70 дирам музди меҳнат медиҳанд.
Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара - Син Силу - Текстил» ҳар як тонна пахтаи хушсифатро бо нархи 5 ҳазор сомонӣ қабул мекунад. Бояд гуфт, ки дар ғанӣ гардидани хирмани пахтаи ноҳия меҳнати босуботи пахтакорони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки чанд сол аст дар ноҳия ба пахтакорӣ машғуланд, назаррас мебошад. Пахтазори онҳо дар ноҳия дар масоҳати 1800 гектар доман паҳн кардааст. То имрӯз онҳо бо мошинҳои пахтачинӣ зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 35 сентнер расондаанд.
Сарфи назар аз иҷрои барзиёди дурнамо, ҷамъоварии ҳосили боқимонда дар хоҷагиҳо бомаром ҷараён дорад. Пахтакорони ноҳия кӯшиш доранд, ки аз боду ҳавои мусоид ва имкониятҳо самаранок истифода бурда, пахтаи бо заҳмат парваридаи худро то кӯраки охир ҷамъоварӣ намуда, истеҳсоли онро ба 10 ҳазор тонна расонанд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2020    №: 215    Мутолиа карданд: 945
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед