logo

ҳуқуқ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲИФЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар саҳифаҳои таърихи халқу миллатҳо воқеа ва рӯйдодҳое мавҷуданд, ки бинобар аҳамияти бағоят муҳим доштанашон барои онҳо тақдирсоз арзёбӣ мегарданд. Чунин рӯйдодҳо фаҳмиш, андеша ва тафаккури ҷомеаро нисбат ба сарнавишт ва тақдири гузашта, имрӯза ва оянда дигар намуда, ба низоми мавҷудаи давлатдорӣ ислоҳи ҷиддӣ ворид менамоянд. Дар натиҷа, ғоя ва арзишҳои миллӣ бо мазмуну мундариҷаи сифатан нав мавриди истифода ва баҳрабардории ҷомеа қарор мегиранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сол пеш қабул гардид, аз зумраи чунин рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба шумор меравад, ки дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин санади муҳим дар ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дошта, дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстонаро таҷассум мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститутсияи кишвар саҳми бузург доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳим арзёбӣ намуда, таъкид медоранд: «Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститусионӣ заминаи мустақим фароҳам овард».
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллӣ ва амнияти конститутсионии мо халал ворид созанд, ҳифзи Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд. Аз ин рӯ, нақши муҳим дар ҳифзи ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Суди конститутсионӣ гузошта шудааст. Дар ин замина, тибқи моддаи 89 Конститутсия, Суди конститусионӣ мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд.
Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар кишвар асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин мешавад.
Таъмини ҳифзи Конститутсия низ вазифаи асосии Суди конститутсионӣ мебошад. Ин фаъолият бо роҳи пешгирӣ намудан, ошкор ва бартараф кардани вайронкунии меъёрҳои Конститутсия амалӣ гардида, татбиқи меъёрҳои Конститутсия таъмин мешавад.
Соли ҷорӣ аз таъсиси Суди конститутсионӣ 25 сол сипарӣ мешавад, ки зарурат ва аҳамияти ин мақомро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин, нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад. Бо назардошти таҷриба ва амалияи фаъолият ва тағйироти сифатан куллие, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд, тибқи Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс-титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Суди конститутсионӣ додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, мукаммал шуд.
Мувофиқи қисми сеюми моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшавандаро муайян менамояд.
Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолият (марти соли 1996 - 1 ноябри соли 2020) 140 дархосту пешниҳоди субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионидоштаро баррасӣ намуда, нисбат ба онҳо 39 қарор ва 101 таъйинот қабул кардааст.
Чунин теъдоди нисбатан ками дархосту пешниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқ ба Суди конститутсионӣ, то андозае аз табиат ва хусусияти хоси ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ бармеояд, зеро он, асосан, аз ташаббуси субъектҳое, ки ҳуқуқи муроҷиат кардан ба Суди конститутсионӣ доранд вобастагӣ дорад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи муҳими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар тӯли фаъолият зарурат ва аҳамияти худро собит намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоёни худро гузоштааст. Чунончи, Суди конститутсионӣ бо нахустин қарори худ аз 26 марти соли 1996 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 № 134 «Дар бораи боздоштани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро, ки онҳо шикоят карданро аз болои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳлати нигаҳдорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ғайриконститутсионӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд. Ин қарор ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, аз рӯи масъалаҳои номбурда ба суд бемамониат муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Ҷ. Бобоевро дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, дар қарори худ аз 15 майи соли 2012 диққати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риояи бечунучарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» ҷалб намуд. Ҳамчунин, мақомоти зикршуда вазифадор шуданд, ки ҷинояти содиршудаи шиканҷаро ошкор карда, нисбат ба шахсони онро содирнамуда чораҳои дахлдор, то ба дараҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан андешида шавад.
Ба ин монанд дигар санадҳои судӣ қабул шуданд, ки дар қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ ба меъёрҳои қонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозиданд. Гузашта аз ин, Суди конститутсионӣ бо қарорҳои худ дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз қабили ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ саҳми босазои худро гузошта, тавассути назорати конститутсионӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд.

Абдулҳафиз АШУРЗОДА,
Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед