logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари давраи нави рушду инкишофи давлат ва  таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Тавре маълум аст, қабули Конститутсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба давраи шикасти низоми авторитарӣ - тоталитарии идоракунии шӯравӣ, ки он дар шароити басо мураккаб ва печидаи сиёсию иҷтимоӣ сурат мегирифт, рост омад. Масъалаи ҳастӣ ва бақои давлату миллат ҳал мегардид. Саъю кӯшиш ва талоши роҳбарияти давлати тозабунёд ба дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва аз ҷанги шаҳрвандӣ баровардани давлат, ки он якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор медод, равона гардида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ноябри соли 2019 дар суханронии худ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати қабули Конститутсия дахл карда, зикр намуданд: «Масъалаи муҳимтарине, ки дар назди мо қарор дошт, ин ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Зеро Конститутсия бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард. Дар он айёми буҳрониву ноором мо бояд шакли давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро интихоб мекардем. Зимнан, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мухолифати ду қувваи асосӣ - тарафдорони сохти дунявӣ ва ҷонибдорони бунёди давлати исломӣ доир ба масъалаи таъмини сарнавишти ояндаи мамлакат, яъне муайян кардани сохтори давлатдорӣ буд. Дар чунин шароит, зарур буд, ки мо ҷомеаро ҳарчи зудтар аз вартаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун оварда, роҳи рушди минбаъдаи худро интихоб намоем. Ин мақсаду мароми миллат ва ҷомеаро фақат Конститутсия, яъне  қонуни асосии давлат метавонист ба расмият дарорад.
Зеро фақат  қабули  Конститутсия  барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меовард. Ва мо танҳо дар ҳамон сурат метавонистем, ки барои барқарор кардани қонунияту тартибот, сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеа нахустин қадамҳои устувори худро гузорем».
Дар ҳамон шароити номусоиди таърихӣ мухолифини давлат ва силоҳбадастони он ба таҳия ва қабули Конститутсия қатъиян манфиатдор набуда, кӯшиши зиёде ба харҷ медоданд, ки вазъияти ин ё он минтақаи ҷумҳуриро тавассути иғвогариҳои мусаллаҳона, багаравгириҳо, баромаду мусоҳибаҳо ва дигар амалҳои ғаразнок ноором ва хавфнок нишон дода, монеи баргузории раъйпурсӣ ва интихоботи президентӣ гарданд. Зеро қабули Конститутсияи нав амалан ботил баромадани даъво ва идеологияи мухолифин оид ба бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Онҳо кам будани теъдоди тарафдорони худро дар Тоҷикистон ба хубӣ дарк мекарданд. Халқ низ, ки дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳама зиёдтар азият мекашид, аз амалу кирдорҳои дар аксар ҳолатҳо ваҳшиёнаи мухолифин ва силоҳбадастон, мақсадҳои аслӣ ва нопоки онҳо огоҳӣ ёфта буд. Ба ғайр аз ин, мухолифин ба мавқеи сиёсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷонибдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданд ва танҳо дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд қабул кардани Конститутсияи навро боисрор талаб мекарданд, зиддият нишон медоданд.
Дар ҳамин шароити ногувори иҷтимоию сиёсӣ комиссияи конститутсионӣ созмон ёфта, бо такя ба арзишҳои таърихии халқи куҳанбунёдамон, орзуву ормонҳои халқ, дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи конститутсионализми ҷаҳонӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд ба таҳия ва қабули Конститутсияи мамлакат оғоз бахшида шуд. Новобаста аз нооромии баъзе аз минтақаҳои кишвар, лоиҳаи Конститутсия дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ нашр шуда, пешкаши мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ гардонда шуд, ки дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа, ба Шӯрои Олӣ  зиёда аз ҳашту ним ҳазор таклифу пешниҳодҳо ворид гардиданд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳа аз тарафи комиссияи конститутсионӣ маъқул дониста, ба раъйпурсӣ манзур шуда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Мардуми шарафманди Тоҷикистон бо қабули ин ҳуҷҷат дар амал пуштибонии худро аз иқдомҳои Сарвари давлат  ва Ҳукумати мамлакат нишон дод.
Давлат ва Ҳукумат бо баргузории чунин маъракаи муҳим ва тақдирсози сиёсӣ аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, боварӣ ҳосил намуд, ки сиёсати дурусти баркашида ва ба манфиати халқу давлат равонашуда, ҳамеша аз ҷониби халқ пуштибонӣ меёбад.
Ҳамин тавр, бо қабули Конститутсия марҳилаи нави таърихӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оварда расонд.
Ҳоло халқи мо дар фазои орому осуда, ваҳдати миллӣ, шукрона аз давлату давлатдорӣ, фаъолияти бесобиқаи созандагию бунёдкориро дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат идома дода, ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ арҷгузорӣ менамоянд. Зеро халқи Тоҷикистон  дар Конститутсияи худ тақдири гузашта, имрӯзу ояндаи худ ва фарзандонашонро барои садсолаҳои дигар пешбинӣ намуда, ҷиҳати расидан ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва иҷтимоӣ, ки ҳадафҳои конститутсионӣ эълон шудаанд, ҳамоно қадамҳои устувор мегузоранд.

Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди фя
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 1128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед