logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи кишвар симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Барҳақ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мазмун, муҳтаво ва сохтор дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифта, тавассути ин санад ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забон, сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) шиносоӣ пайдо кард.
Агар ба ибораи дигар гӯем, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Узви СММ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии дунё будани Тоҷикистон,  аз ҷониби беш аз 160  кишвар чун давлати соҳибистиқлол эътироф шудани он ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуданаш, шаҳодати гуфтаҳои болоянд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ ба таъсиси як қатор ниҳодҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсия ҳокимияти судиро мустақил эълон намуд, ки он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ин муқаррарот дар моддаи 84 рӯшан муайян шудааст.
Тибқи моддаи 87 бошад, судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Бар замми ин, барои ба сатҳи ҳокимият ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ расидани ҳокимияти судӣ дар мамлакат чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид.
Ҳамин тариқ, давлат ва роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният мебошанд, иброз дошта, онҳоро дар баробари арзишҳои миллии худ мавриди истифода ва арзёбӣ қарор додаанд. Барои рушди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имконияти васеъ фароҳам гардид.
Бешубҳа, қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.                   

Д. НАЗИРМАДЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе,
Ҷ. ҶАМИЛЗОДА,
корманди дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсӣ        
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед