logo

ҳуқуқ

ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Аҳамияти таърихии он маҳз дар он аст, ки пеш аз ҳама барои таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо назардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигар, куллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа зарурати мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба шароити нави рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад. Принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи бунёди давлати соҳибистиқлол ва низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.
Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа таъмин менамояд, устувор гардида, ба пойдории адолати иҷтимоӣ, мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси қонунӣ гузошт.
Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии онҳо замина ба вуҷуд овард.
Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ бори аввал истифода гардидани мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун нишонаи муҳими мавҷудияти демократия барои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрӯз Тоҷикистон аксари санадҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф намудааст, ки ин барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ соҳиб гардидани давлати мо мусоидат кард.
Ҳамин тариқ, дар давраи начандон тӯлонӣ меъёрҳои қонуни асосии кишвар, ки муҳимтарин принсипҳои эътирофшудаи ҷомеаи башариро дар бар мегирад, барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои созанда дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон мусоидат кард.

Мавҷуда ПӮЛОДӢ, судяи Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 1137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед