ҳуқуқ
ҲИДОЯТНОМАИ РУШДИ ҶОМЕА
Таҷрибаи 26 соли гузашта нишон дод, ки Конститутсия барҳақ, сароғози ҳамаи муваффақиятҳо дар масири давлатдории миллии мо буда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад.
Конститутсия баробари дигар бахшҳои ҷомеа дар таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши барҷаста дорад. Он ба сифати қонуни асосӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Зимнан, бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз намоянд.
Тавре маълум аст, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ аз ибтидои истиқлолият ҳамчун ҳадафи асосии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст, ки дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф нақши Конститутсия бисёр муҳиму ҳалкунанда мебошад.
Чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар низоми ҳуқуқии кишвари мо баррасӣ, ҳаллу фасли қонунии баҳсу мунозира ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ, қабл аз ҳама, ба зиммаи ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Ин аст, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, гузашта аз он дар дигар модда ва бобҳои он ҳолатҳои зиёде мавҷуд аст, ки татбиқи онҳо низ дар ниҳояти кор ба дӯши мақомоти судӣ вогузор мешавад.
Масалан, моддаи 84 Конститутсия муқаррар кардааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмӯъ, адолати иҷтимоиро танҳо суд ба амал мебарорад. Ин аз ҷониби судяҳо ва судҳо бо роҳи ҳаллу фасли парвандаҳо дар мурофиаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, баррасии корҳои маъмурӣ ва гузарондани санҷишҳо роҷеъ ба ҳаллу фасли қонунии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон татбиқ карда мешаванд. Аз ҷумла, бевосита қабул кардани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳаллу фасли онҳо низ яке аз роҳҳои таъмини адолати иҷтимоӣ маҳсуб мегардад.
Ҳоло дар доираи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории кишвар мақомоти судӣ ҷиҳати таъмини адолати том ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо талошҳои босамар анҷом медиҳанд. Зеро эъмори ҷомеаи ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озоду демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозоргонӣ, маҳз ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор пайванди амиқ дорад. Ин аст, ки рушду тавсеаи фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба ин манзур аз соли 2007 ба ин сӯ 4 маротиба барномаи давлатии ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки ҳоло барномаи ахир мавриди татбиқ қарор дорад. Дар заминаи ин барномаи муҳими давлатӣ бо назардошти инкишофи ҷомеа, муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва қисми дигар бори аввал аз ҷониби мақомоти қонунгузори кишвар қабул шудаанд. Аз ҷумла, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд, ки ба рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ дар мамлакат, баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо таъсири назаррас гузоштанд.
Гулнора РАСУЛЗОДА,
сардори шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2020 №: 216 Мутолиа карданд: 1158