logo

ҳуқуқ

ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ ШАРТИ МУҲИМИ ПЕШРАФТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Маҳз тавассути роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихи инкишофи худ ворид шуд.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии ин санади олии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонанд.
Ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расидани насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии онҳо дар идораи давлатӣ, ҳамчунин, аз синни наврасӣ бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.
Тибқи муқаррароти Конститутсия дар Тоҷикистон ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардондани талаботи инсон равона шудааст. Ин нукта дар қонуни асосии кишвар ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян кардааст, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Файзалӣ  САФАРОВ,
омӯзгори МДТ "Литсейи касбӣ – техникии нақлиёти автомобилӣ"-и шаҳри Душанбе  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед