ҳуқуқ
6 НОЯБР. РӮЗЕ, КИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ТАНТАНА МЕКУНАД
Воқеан, дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон, Конститутсияи соли 1994 нахустин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми тамаддунофар будани халқи тоҷикро намоиш дод, ки он дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, бо қабули бахтномаи тақдир ва сарнавишт, бақои давлату миллати худро таъмин намуданд.
Ин санад вазифаи ниҳоии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ намуд.
Татбиқи бомароми меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсия имкон доданд, ки дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронда шуда, парламентаризми миллӣ рушд кунад ва қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат аз нав таҳияву қабул гарданд. Ҳоло дар фазои ҳуқуқии кишвар 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 353 қонуни мукаммал амал мекунад, ки ба танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва муайян кардани тартиби ташкилу фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона гардида, кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд.
Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, адолати судиро омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод намуд.
Сарвари давлат соли гузашта зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ чунин гуфтанд: «Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор намоянд. Ин муқаррароти Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоди шаҳрвандонро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо таҳким мебахшад».
Дарвоқеъ, ин таъкиди Пешвои миллат мо - кормандони мақомоти судии кишварро вазифадор менамояд, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои худ ба хато роҳ надиҳем, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоем. Моро мебояд, ки ба хотири ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, таъмини рушди бонизоми кишвар ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузошта, омӯзишу риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз Конститутсия асосёфтаро меҳвари кору фаъолияти хеш қарор диҳем.
Алиҷон ХАМДАМЗОДА ,
Нодира САЙФУЛЛОЗОДА,
судяҳои суди ноҳияи Сино
Шоҳсафар САФАРЗОДА,
котиби маҷлиси судӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2020 №: 216 Мутолиа карданд: 1152