logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУСИЯ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ СУДЯҲО

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми кишвар буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Боби ҳаштуми ин санади олии ҳуқуқӣ ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар мекунад.
Дар моддаи 87 омадааст, ки судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Чунин принсип судяҳоро уҳдадор менамояд, ки онҳо аз таъсироти беруна озод бошанд ва ҳама гуна кӯшиши дахолат намуданро ба ҳалли парвандаи мушаххас пешгирӣ намоянд.
Кафолати мустақилияти судя принсипи дахлнопазирии ӯ мебошад. Дахлнопазирии судя аз воситаҳои муҳими таъмини мустақилияти судя дар роҳи ба амал баровардани адолати судии босалоҳият, боэътибор, мустақил ва беғараз буда, кафолати фаъолияти мустақилона ва ҳифзи ӯро аз ҳар гуна дахолат таъмин мекунад.
Принсипи конститутсионии кафолати дахлнопазирии судяро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода, муқаррар намудааст, ки дахлнопазирии судя, инчунин, ба манзил, утоқи корӣ, автомашинаи хизматӣ, мукотибот, молу мулки ӯ ва ғайра тааллуқ дорад. Ин меъёри қонун чунин маъно дорад, ки дохил шудан ба манзил ё бинои хизматии судя, ба автомашинаи шахсӣ ё аз ҷониби ӯ истифодашаванда, азназаргузаронии ин ҷойҳо, дар он ҷойҳо гузарондани кофтуков ва ёфта гирифтан, шунидани гуфтугӯи телефонӣ, азназаргузаронӣ ва кофтукови шахсии судя бе ягон асоси қонунӣ қатъиян манъ аст.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун  барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб мешаванд, тааллуқ, дорад. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Мустақилӣ ва ягонагии ҳокимияти судӣ онро ифода мекунад, ки ҳамаи судҳо дар Тоҷикистон мақоми ягона буда, фақат аз нигоҳи салоҳияти худ тафовут доранд. Мустақилии судҳо дар татбиқи салоҳият аз тариқи итоати онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун муқаррар гардидааст. Роҳу воситаҳои таъмини мустақилияти судяҳо аз тибқи қонун интихоб, таъйин, озод ва бозхонд шудан; дахлнопазирии судя; амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муайяннамудаи қонун; махфияти машварати судяҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ; манъи ҳама гуна дахолат барои амалӣ гардондани адолати судӣ; ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ ба суд; ҳуқуқи ба истеъфо баромадан; бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя; ташкили ҷомеаи судяҳо; муҳайё сохтани шароити моддӣ, ташкилию техникӣ барои фаъолияти судяҳо; мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат ба роҳ мондани таъминоти моддӣ ва иҷтимоии судя, иборат мебошанд.
Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ, суд дар Тоҷикистон вазифадор аст ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз намояд.
Бо ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Бешубҳа, иҷроиш ва риояи дақиқи талаботҳои қонун, пеш аз ҳама аз он шахсоне, ки адолату қонуниятро таҷассум менамоянд, яъне аз кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ вобастагии калон дорад. Ҳар як амал ва  қарори онҳо бояд ба талаботи қонун ҷавоб диҳад. Ҳангоми ба амал баровардани вазифаҳои касбии худ онҳо пеш аз ҳама бояд ба тартиб ва мазмуни меъёрҳои амалкунанда, ки аз Конститутсияи сарчашма мегиранд, диққати махсус диҳанд.

М. ЮСУФЗОДА,  судяи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед