ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Боздошти марде, ки ҳамсарашро қатл кард
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марди 33- солае хабар дод, ки дар содир намудани ҷиноятӣ одамкeшӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар пайи муноқиша ҳамсарашро, ки аз ӯ зани 31-сола ном бурда мешавад, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Ин амали ҷинояткорона 1 ноябри соли ҷорӣ содир гардида, аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
НАФСИ БАД
Корманди САҲШ барои порагирӣ ҷавоб мегӯяд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Н. Абдуллоевро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристод.
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дода, навиштааст, ки «Н. А. Абдуллоев дар вазифаи нозир - коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Сино кор карда истода, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва иваз намудани ному насаби номбурда 3500 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 500 сомониашро пешакӣ гирифтааст».
Номбурда ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ 9 июни соли ҷорӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир ва 3000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ва истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
АВБОШӢ
Милитсия ба дасти муштзӯр завлона зад
Кормандони милитсия як сокини 46 – солаи шаҳри Кӯлобро ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
Тавре сомонаи вазорат хабар медиҳад, ин мард, ки қаблан низ бо чунин кирдор (бо моддаи 237) суд шудааст, 31 октябр дар ҳолати мастӣ як сокини шаҳри Кӯлобро бо зарби зарфи шишагин захмдор кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2020 №: 216 Мутолиа карданд: 1266