ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ. ШАҲОДАТНОМАИ ДАВЛАТ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Халқи куҳанбунёди тоҷик пас аз садсолаҳои талошу мубориза, 9 сентябри соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида, дар шароити бисёри ҳассоси таърихӣ 6 ноябри соли 1994 бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуд. Воқеан, мафҳумҳои истиқлолият ва Конститутсия аз ҷиҳати мазмун ва моҳият ҳаммаъно буда, якдигарро пурра месозанд. Зеро бе Конститутсия мавҷудияти давлати соҳибихтиёр ғайриимкон буда, дар навбати худ, танҳо бо Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатӣ ба расмият дароварда мешавад, ки дар он муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа инъикос ва муайян мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатии хеш бо вуҷуди нооромиҳои сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди музокирот, баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ бо ирода, иқдом ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ташаккули низоми қонунгузории пешрафта, маҷмӯи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Далели намоёни ин гуфтаҳо қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки инъикосгари эҳтироми миллати сарбаланди тоҷик ба қонун ва майли танзими муносибатҳои гуногунҷанбаи ҷамъиятӣ тавассути механизмҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ халқи тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳон муаррифӣ карда, дар татбиқи ормонҳои миллӣ нақши муассир гузошт.
Бо вуҷуди он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти печидаи низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул шуд, мазмун ва муқаррароти он аз ҷониби доираҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф гардид. Зеро дар он ҷанбаи башардӯстӣ мавқеи аввалиндараҷа ва асосиро доро буда, ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои фитрии ӯ мақсади асосӣ эълон шудааст. Чуноне ки дар моддаи якуми он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва иродаи халқ дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар таҷрибаи нав мебошанд.
Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ буда, дар танзими рукнҳои давлатӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, иҷроия ва судӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, инчунин, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши асосиро мебозад. Он фаъолияти мақомоти муҳими ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратураро, танзим менамояд.
Мақомоти прокуратура дар Конститутсия ҷойгоҳи хос дошта, боби алоҳидае ба фаъолияти он бахшида шудааст. Ин санади олӣ Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи онро уҳдадор менамояд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳоро дар доираи ваколати худ татбиқ намоянд. Маҳз дар асоси ин меъёр Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Албатта, дар чунин сатҳи олӣ муқаррар шудани мақоми прокуратура имкон медиҳад, ки иҷрои уҳдадориҳо доир ба назорати иҷрои якхела ва дақиқи қонунҳо бо муваффақият амалӣ карда шавад.
Бори нахуст санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф шуданд. Гузашта аз ин, Конститутсия шаклҳои гуногуни моликиятро асоси иқтисодиёти мамлакат эътироф намуд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро, аз ҷониби давлат кафолат дод. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардида, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат дода шуд. Қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ таҳсил ва молу мулк ба ҳама дастрас гардид.
Конститутсия имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҳар як шахс муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, бо хоҳиши худ дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоии осоишта кафолат дода шуд ва ҷалби маҷбурӣ ба ин чорабиниҳо манъ гардид. Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор низ кафолат дода шуд.
Маротибаи аввал дар таърихи конститутсионализми кишвар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бекор ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шахс ба моликиятро манъ намуда, муқаррар кард, ки давлат молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият танҳо дар асоси қонун ва бо розигии соҳиби он ва пардохти арзиши пурраи молу мулк метавонад гирад.
Давраи сипаришудаи амали меъёрҳои Конститутсия нишон медиҳанд, новобаста аз он, ки қонуни асосии мо дар замони хеле ҳассоси таърихӣ қабул гардид, он тавонист тамоми қувваҳои сиёсии мамлакатро дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ва сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор намояд.
Табиист, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, тағйирот дар ҳаёти он ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ тақозо менамоянд, ки дар заминаи рушди ҷомеа ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ меъёрҳои қонунгузорӣ, қабл аз ҳама, Конститутсия пайваста такмил ёбанд. Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 воридшуда ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ равона гардидаанд. Бешак, онҳо ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия - ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама, зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон табдил гарданд. Танҳо дар ҳамин сурат, мо ба ҳадафҳои ниҳоии худ мушарраф гардида, дар роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидаанд, боз ҳам қадамҳои устувор хоҳем гузошт.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал - полковники адлия
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1123