ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудан ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия шаҳодати он аст, ки халқ ҳокимияти худро амалӣ ва мақсаду мароми хешро дар он ифода намудааст. Яъне, халқи Тоҷикистон дар меъёрҳои конститутсионӣ ҳуқуқ ва озодиҳое, ки ба он ниёз дорад, дарҷ намуда, тарзи ҳимояи онро пешбинӣ кардааст, ки маҳз ин ҳолат ифодакунандаи мақсаду моҳияти Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон, халқи Тоҷикистон бо ин амалаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлатро муайян намуд. Конститутсия аз ҳокимияти халқ, волоияти ҳуқуқ, бартарияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷзияи ҳокимият ва соҳибихтиёрии давлат шаҳодат дода, ташкили ҷомеаи шаҳрвандиро дар асоси равияҳои гуногуни мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, парламентӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, хислати дунявӣ доштани давлат, озодии фаъолияти иқтисодӣ, баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ва моҳияти иҷтимоӣ доштани давлатро қонунӣ кард.
Халқи Тоҷикистон ба воситаи қабули Конститутсия роҳи ташаккули давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифт ва онро ба сифати омили вусъатдиҳандаи демократия ва озодиву адолат эътироф намуд.
Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки дар он фаъолияти ҳама – ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва, пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия давлати ҳуқуқбунёд месозад ва, аллакай, бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Ин нишонаҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Бори нахуст андешаи давлати ҳуқуқбунёд дар Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷассум ёфта, Конститутсия кафолатҳои онро муқаррар намуд. Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз рӯи принсипи таҷзияи ҳокимият ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ, як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқуқбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд. Дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқи фитрии инсон ва ба уҳдаи давлат вогузор гардидани нафақат эътироф, балки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.
Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати дунявӣ эълон намудааст.
Ягон дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баробарҳуқуқ мебошанд.
Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба кори он дахолат намекунанд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои динӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» танзим мешаванд.
Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҳаргиз маънои онро надорад, ки ташкилотҳои динӣ бо давлат ҳамкорӣ намекунанд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ маҳдуд намесозад.
Имрӯз бадхоҳони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон кӯшиш доранд, ки ҳолати воқеии корро пинҳон дошта, Тоҷикистонро ҳамчун давлате муаррифӣ намоянд, ки дар он озодии виҷдон маҳдуд мешавад. Вале дар асл чунин нест. Мубаллиғони ин андешаи ғалат бо чунин бозтоб намудани фазои дунявии давлат мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд, ки ҷомеаи озоди кишвари мо ба он ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳад дод.
Шаҳло ВАҲОБЗОДА, судяи Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1114