logo

туризм

ВУСЪАТИ ОБОДКОРИҲО ДАР ЯЗГУЛОМ

Сокинони 9 деҳоти Язгулом аз он  шоду мамнунанд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ  ба хотири зиндагонии осоишта ва шоистаи онҳо  бисёр шароитҳои  зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  деҳаҳои соҳилҳои Язгуломоб  чандин  амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ  ба ҷо оварда шудаанд. Аз ин ҷост, ки мардуми Язгулом чун дигар сокинони ноҳияи Ванҷ ва саросари Бадахшон  пешниҳоди Пешвои муаззами миллатро дар хусуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле  хуш пазируфтанд. Онҳо дастҷамъона  баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани диёри худ камари ҳиммат бастаанд.
Солҳои  соҳибистиқлолӣ  бо  маблағгузо-риҳои Ҳукумати  кишвар,  ёрии  мақомоти  ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Ванҷ ва шарикони хориҷии рушд, пеш аз ҳама, хазинаи Оғохон  дар кӯтоҳтарин фурсат дар  деҳоти мазкур  қариб бист иншооти самти иҷтимоӣ, аз ҷумла  Неругоҳи барқи обии «Андарбак»,  пулҳои нақлиётгузари мавзеъҳои  Шавуд - Будун ва Мот-равн,  хати обгузари Дашти Язгулом, чойхона - ошхонаи замонавии деҳаи Хехак, дар шафати шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Дарвоз- Кӯлоб - Хоруғ - Мурғоб - Кулма барои ронандагону мусофирон ва сайёҳон, беморхонаи минтақавии Мотравн, инчунин, биноҳои мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар деҳаҳои Мотравн, Вишхарв,  Андарбак, Жамаг ва Шавуд бунёд гашта, роҳу пулҳои мошингард  таъмиру таҷдид  шуданд.
Дар ҳамин рӯзҳо ду иншооти хеле муҳим - бинои  Ҷамоати деҳоти Язгулом дар деҳаи Будун ва хати обгузар дар деҳаи Андарбак бунёд гашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба ҷои  иморати  пастаки дар ҳолати садамавӣ қарордошта  бинои дуошёнаи дорои  ҳамаи шароитҳои зарурии деҳшӯро қомат афрохт. Ба гуфтаи  роҳбари шабакаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ Саидбек Қосимов, бо бунёд гаштани хати обгузари шашкилометра  аз  рӯдхонаи Қумочдара акнун  зиёда аз 110 хонаводаи  деҳаи Андарбак бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин шуд. Ин панҷумин  иншооти обрасон мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Язгулом  бунёд  шудааст. Бо ҳамин  барномаи бо оби ошомиданӣ ва полизӣ таъмин кардани сокинони деҳоти Язгулом пурра ба анҷом расид. 
Дар  расми ифтитоҳи иншооти самти иҷтимоӣ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов гуфт, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар деҳаҳои водии  Язгулом ба мисли дигар  деҳоти Помири шарқӣ   амалҳои зиёдтари ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳо  дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Ҳамчунин,  дар доираи истиқболи сазовори ин  санаи бузург  бунёди чор пули мошингузар аз болои рӯди Язгуломоб ва дарёчаҳои   кӯҳӣ  хуб ҷараён доранд. Хотиррасон менамоем, ки бо сабаби куҳна ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани се  пул мошинҳои  гаронвазн  аз болои пулҳои мавзеъҳои Мотравн, Андарбак ва Жамаг гузашта наметавонистанд. Акнун бо сохта, мавриди истифода қарор гирифтани   ин пулҳо мошинҳои КамАЗ, МАЗ ва "Дулан" низ бе мамоният ба деҳоти сароби Язгуломоб ҳаракат карда метавонанд. Мардуми деҳоти Язгулом раванди ҳамаи ин ободкориҳо, бунёдгарӣ ва созандагиҳоро аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат    ва  аз  файзу баракати даврони  истиқлолият  медонанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2020    №: 217    Мутолиа карданд: 5090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед