фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи таъин намудани аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи моддаи 49 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум таъин карда шаванд:
Азизов Абдулафиз – директори литсейи № 1 –и шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
Давлатов Матлубхон Султонович – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кенжекулова Жамиля Сатибалдиевна – раиси Ҷамоати деҳоти Мурғоби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Қарабоев Тиркаш Эргашович – раиси хоҷагии деҳқонии «Янгиобод» - и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
Раҷабова Зарина Солиҷоновна – декани факултети «Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ;
Хайруллоев Сайдулло – нафақахӯри дараҷаи ҷумҳуриявӣ;
Шарипов Садриддин Файзиевич- директори иҷрокунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 марти соли 2010, № 859
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2464