ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ВА ЗАМИНАҲОИ ҲАМГИРОӢ БО ҶОМЕАИ ҶАҲОН
Тоҷикистон дар такя ба Конститутсия, яъне қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи тоҷик, масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо бо ташаббусҳои таърихии худ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, гузаштан ба «энергияи сабз», нақш ва саҳми бевоситаи худро дар ҳифзи сайёра аз оқибатҳои ногувору ноодилонаи истифодаи табиат гузошт.
Дарвоқеъ, вусъати раванди ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, торафт кам шудани захираҳои оби тоза, паҳншавии гуруснагӣ дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷаҳон, бемориҳои сироятӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз қабили терроризму экстремизм, ба рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар сокини сайёра хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Дар ин росто, ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили дастрасӣ ба оби нушоӣ ва мубориза бо терроризму экстеремизм дар ҷаҳон назир надоранд. Аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, барои солҳои 2005 – 2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018– 2028» шаҳодати гуфтаҳои болоянд.
Чанд рӯз қабл саҳми Тоҷикистонро дар робита ба ҳалли масъалаи дигари глобалӣ вазъи экологии ҷаҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими савгандёдкунӣ чунин гуфтанд: «Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад. Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди «иқтисоди сабз» заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад».
Воқеан, меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва татбиқи бомароми он бо назардошти амиқ дарк кардани манфиатҳои миллии мамлакат шаҳодати онанд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олию муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳои беназир раҳнамун сохт. Ва моро мебояд, ки бо фаъолияти созандаю бунёдкорона эътибори давлату миллатро баланд бардорем ва барои фарзандони худ кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем.
Аҳмадҷон БОБОЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1066