ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Шашуми ноябри соли 1994 оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои ҷадиди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни асосии кишвар қабул гардид.
Маҳз Конститутсияи Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудааст. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақвият бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир муқаррар намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти равандҳои демократии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо (солҳои 1999, 2003, 2016), интихоби шакли президентии идоракунии давлат, дар асоси принсипи бисёрҳизбӣ интихоб намудани мақоми нави намояндагӣ ва қонунгузорӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёрӣ будани халқи Тоҷикистон тағйироти сифатии ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Маҳаки асосии ин ислоҳотро ба куллӣ тағйир ёфтани самтҳои асосии инкишофи давлат, дар баробари дигар шудани мазмуну мундариҷаи мақомоти ҳокимиятӣ, дигар шудани сохтор, мақомоти идоракунии марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии давлат ташкил медиҳад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моддаи алоҳида дар бораи «ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доштани шаҳрвандони Тоҷикистон» (моддаи 27) ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» асос гардид, ки ин қонун инъикоскунандаи дигаргуниҳои идоракунии давлатӣ ва ҷомеа мебошад. Моҳияти он тағйир додани раванди идоракунӣ, манфиатҳои корпоративӣ, гурӯҳӣ, баровардани хизмати давлатӣ, ба дастгоҳ ва мақомоти давлатӣ ҷалб намудани кадрҳои беҳтарин мебошад.
Қонуни мазкур яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқиест, ки ба бунёди соҳаи хизмати давлатӣ ва ташкили он асос гузошт. То қабули қонуни мазкур ҳамаи муносибатҳои бо хизмати давлатӣ алоқаманд бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешуданд. Ҳамаи кормандоне, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси шартнома дар мақомот, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолияти меҳнатиро адо менамуданд, онҳо ба ҷумлаи хизматчии давлатӣ шомил мешуданд ва фаъолияте, ки анҷом медоданд, хизмати давлатӣ эътироф мешуд. Баъди қабули қонун муносибатҳои дар боло номбаргардида танзим карда шудаанд ва хизмати давлатӣ бошад, соҳаи алоҳида ва мустақили ҳуқуқ муаррифӣ шуд.
Идомаи мантиқии моддаи 27 дар моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон ифода меёбад: «давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарӣ ва ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти ваколатдори хизмати давлатӣ – Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мекунад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз он дорои ин ваколат аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти бузурги нақши хизмати давлатӣ дар самти мустаҳкам кардани қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба фаъолияти хизмати давлатӣ диққати махсус медиҳанд. Дар ин бора он далел низ шаҳодат медиҳад, ки дар давоми солҳои охир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани фаъолияти хизмати давлатӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари хизматчиёни давлатӣ нигаронда шудаанд.
Далели равшани ин гуфтаҳо Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2007, тасдиқ гардидааст, инчунин «Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ», Фармони Президиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, мебошад.
Санадҳои мазкур бо мақсади таҳкими минбаъдаи хизмати давлатӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, мақомоти дигари давлатии дахлдор ва таъмини ҳамаҷонибаи қонуният дар ин самт қабул карда шудааст. Дар баробари қабули санадҳои заминавии соҳаи хизмати давлатӣ дар кишвар мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аввалин маротиба соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва соли 2014 он ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Нақши ниҳоди мазкур дар рушд ва таҳкими хизмати давлатӣ назаррас буда, бо ташаббус ва роҳбаладии ниҳоди мазкур зиёда аз 100 номгӯи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки онҳо тавонистанд дар танзими муносибатҳои соҳаи хизмати давлатӣ шароити мусоидро фароҳам биоранд.
Бо ҳамин тартиб, Конститутсияи Тоҷикистон дар радифи дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, мавқеъ ва салоҳияту ваколатҳои мақомоти ваколатдори хизмати давлатиро муқаррар намуда, самтҳои рушду такомули онро муайян кардааст.
Бахтиёр НАЗАРОВ,
Зафар РАҲМОНОВ,
кормандони бахши таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1102