logo

иқтисод

ГАРМИДИҲӢ. СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Дар арафаи мавсими сармо аҳли заҳмати ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» ҷиҳати пайваст намудани иншоот ва биноҳои нави истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ корҳои зиёди омодагиро ба анҷом расондаанд. Сари вақт таъмин намудани сокинон ва биноҳои корхонаю муассисаҳо бо гармӣ зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Тибқи нақшаи истеҳсол ва интиқоли неруи гармӣ, дар мавсими нави гармидиҳӣ, ки он дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт аз тарафи вазоратҳои энергетикаю захираҳои  об  ва саноату технологияҳои нави ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст, марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2 – и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» бо иқтидори нисбатан зиёдтар фаъолият карда, 2511  иншооти пойтахти кишварро бо  неруи  гармӣ  таъмин менамоянд.  Мувофиқи  нақшаи  истеҳсол  ва  интиқоли энергияи барқу  гармӣ,  ҶСК  «Маркази  барқу  гармидиҳии  шаҳри  Душанбе»  тасмим  гирифтааст,  ки  марказҳои  барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо бо иқтидори 450 мВт неруи барқ ва 495,48 Гкал - соат энергияи гармӣ фаъолият намоянд.
Дар таҷҳизоти асосии энергетикӣ корҳои таъмирӣ гузаронда, қитъаҳои шоҳқубурҳои интиқоли гармидиҳӣ иваз карда шуданд. Дар Маркази  барқу  гармидиҳии 1 таъмири ҷории 6 деги буғӣ, 4 турбоагрегат, 12 васлакҳои равғанӣ ва 6 трансформатори қудратӣ пурра ба анҷом расид. Дар Маркази  барқу  гармидиҳии 2  низ гузарондани корҳои таъмирӣ пурра ба анҷом расид ва марказ барои фаъолияти мавсими гармидиҳӣ омода мебошад.
Дар дегхонаи «Шарқӣ» 2 деги обгармкунӣ, дар дегхонаи «Ғарбӣ» 3  деги обгармкунӣ ва 2 трансформатори қудратӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Дар шоҳқубурҳои гармидиҳии Маркази  барқу  гармидиҳии 1 мавзеъҳои «Чапи 1», «Чапи 2», «Рости 2», “Шимолу Ғарб”, дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» бо дарозии умумии 62 километр санҷиши гидравликӣ гузаронда шуд. Ҳамзамон, дар шоҳқубурҳои гармидиҳии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино  дар маҷмӯъ 5,909 километр корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расиданд.
Ворид ва захира кардани ангишт дар марказҳои барқу гармидиҳӣ идома дорад. То 1 октябри соли ҷорӣ  902 337, 470  тонна ангишт ворид гардидааст, ки 100,5 дарсади нақшаро ташкил менамояд. Ангиштро, асосан, аз  КФ «Фон - Яғноб», ҶДММ  “Талко Ресурс”, ҶДММ  “Комбинати металлургии  Тоҷик” ва КФ КА “Зиддӣ” меоранд.
ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии  шаҳри Душанбе», ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ҶСШК «Душанбегаз» соли равон барои фаъолияти муназзами Маркази барқу гармидиҳии 1 ва дегхонаҳо ҷиҳати хариди 248,3 миллион метри мукааб  гази табиӣ шартнома ба имзо расондаанд.             
Барои фаъолияти пурсамари марказҳои гармидиҳӣ харидорӣ ва воридоти мазути камсулфур низ идома дорад. Бақияи мазут дар анборҳои иншооти гармитаъминкунӣ то 1 октябри соли ҷорӣ  беш аз  26,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, аз аввали сол  дар ҳаҷми умумии 6770 тонна мазути камсулфур ворид гардидааст.
Ҳоло марказҳои барқу гармидиҳӣ ба истеҳсоли барқу гармӣ оғоз намудаанд. Аҳли кормандон баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона карда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими имсола чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2020    №: 217    Мутолиа карданд: 945
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед