ҳуқуқ
БА РЕШАИ ХУРОФОТ БОЯД ТЕША ЗАД!
Арзёбии вазъи кунунии ҷаҳон ба сароҳат нишон медиҳад, ки омили аслии қудрат ва тавоноии миллии кишварҳои муқтадиру мутамаддин донишҳои илмӣ мебошад. Воқеан ҳам, донишҳои илмӣ дар ҳама давру замон бароварандаи мушкилоти инсониятанд. Ҳадаф ва мазмуни асосии маърифати илмӣ низ дар он аст, ки бояд донишҳо ба манфиати инсон ва беҳбудии вазъи зиндагии он сарф шаванд.
Лек баррасии таърихии илму дониш нишон медиҳад, ки дар ҳама давроне, ки рӯҳониён бо хурофоти динии худ дар ҷомеа неруманд буданд, ба озору шиканҷаи донишмандону андешамандон ва равшанфикрон пардохтаанд ва ба ҳар амалкарди илмии онҳо, ки бо улуми ғайбӣ ва донишҳои музахрафи онҳо дар бархӯрд буд, бо шиддат мухолифат кардаанд. Равишҳои дастёбӣ ба ҳақиқат дар илм ва хурофоти динӣ бо якдигар тафовутҳои бунёдӣ доранд.
Дар ҷаҳоннигарии динӣ бар асоси навиштаи китобҳои осмонӣ кулли ҷаҳони ҳастӣ ба василаи неруи фавқуттабиӣ офарида шудааст. Ин офарандаи бузург аз он сӯи олами ҳастӣ ба кулли олами ҳастӣ ҳукмрон аст ва моҳияти вуҷудиаш фаротар аз олами табиат аст. Кулли ҷаҳони ҳастӣ, тамоми галактикаҳо ва ситорагон, замин ва ҷонварону одамон бо назму тартиби пешакӣ тарҳрезишуда машғули кору бори худанд ва дар ин низом кӯчактарин бенизомӣ вуҷуд надорад.
Хурофоти динӣ боварҳои мавҳум ва ғайримантиқӣ аст, ки аз эътиқод сарчашма гирифта, бе истидлол ба миён меояд, хусусияти нақлӣ дорад ва беисбот қабул мешавад. Донишҳои хурофотӣ ба воситаи фарзияҳо бар асоси боварҳо ва амалҳои ғайримантиқӣ ё ирратсионалӣ мушаххас мегарданд. Аз нодида гирифтан ва нотавон будан дар шарҳи равандҳои табиӣ ва иҷтимоӣ боварҳои мавҳум, амалҳои беасос ва робитаи байни онҳо ба амал меояд. Маҳз худи ҳамин хурофот бавуҷудоварандаи эҳсоси тарс ва ҳолати равонӣ, ки маҳаки асосии маҳв гардонандаи қобилияти эҷодкории инсон аст, дар шинохти воқеии олам ва дуруст сару кор гирифтан бо равандҳои табииву иҷтимоӣ аст. Хурофотпарастон, махсусан рӯҳониёни динӣ, бо тамоми тавони худ ҳамеша мекӯшанд, ки инсонҳо аз доираи гиреҳҳои догматикии онҳо берун наоянд. Зеро дилхоҳ шахс агар бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ боварҳо ва тасаввуроти решаи ақлонӣ надошта ва ин муътақидоти фарогири маҷмӯи ахбор, ақоид, андешаҳо ва одату амалҳои ғайриилмии хилофи мантиқбудаи онҳоро дарк намояд, ба онҳо мухолифат мекунад.
Дар ҷаҳонбинии илмӣ, ки бар асоси маълумоту иттилооти таҷрибашудаву мантиқӣ устувор аст, аз мафҳумҳо ва вожаҳое чун “олами ғайб, барномаҳои пешакӣ тарҳрезишуда” ва ғайраҳо дар кулли ҷаҳони ҳастӣ асар ё нишоне нест. Дар маърифати илмӣ исбот, тасдиқ ва нигаристан бо шубҳа вуҷуд дорад. Мушоҳида, қонун ва назария ҷузъҳои асосии илманд. Гузашта аз ин, ташаккули фикру эҷод бо такя ба донишҳои илмӣ роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ низ ҳамвор мекунад.
Хурофот, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар қолаби боварҳои динӣ ва шахсӣ ба бархе ашхоси тангназар ғолиб аст, ки аз паст будани сатҳи донишу маърифати онҳо ва пойбанд будан ба ин ё он бовару эътиқодоти беасос далолат медиҳад. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо низ бархе мушкилотро на ба воситаи донишҳои таҷрибашудаи системанок ва мантиқӣ, балки дар такя ба донишҳои беасосу хилофи ақлу мантиқ, ки маҳз аз ҷаҳонбинии мазҳабӣ маншаъ мегиранд, ҳал кардан мехоҳанд.
Бузургтарин вазифаи ҳар як рӯшанфикри миллӣ кумак ба фароҳам овардани заминаи инқилоби фикрӣ дар мағзи ҳаммеҳанони хеш мебошад. Аз он ҷо, ки бархе мардуми мо хурофотзадаанд, мағзшӯии динӣ дар ҷомеа давом дорад, шахсони тақвиятдиҳандаву густаришдиҳандаи хурофоти мазҳабӣ фаъоланд, аввалин гом бар алайҳи он муборизаҳо бо олудагиҳои фикрӣ аст. Бояд ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа гардад, то ки раванди қудсият бахшидани арзишҳои мазҳабӣ ва боварҳову амалҳои бемантиқашон заиф гардад ва решаи тамоми тасаввуроти ирратсионалӣ ва андешаҳову одату амалҳои хилофи ғайримантиқӣ аз зеҳни мардум пок шавад.
Шуҳрат ШАМСУДДИНОВ,
ходими илмии Академияи миллии илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1093