ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ВАҲШОНИЯТ
Модару писар падарро куштанд
Сокини Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ки аз ӯ зани 45 - сола ном бурда мешавад, дар ҳамдастӣ бо писараш шавҳари 48 - солаашро ба ҳалокат расондааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Ин кирдори ҷинояткорона дар манзили истиқоматӣ содир шуда, модару писар падари хонадонро бо роҳи нафасгир (буғӣ) намудан ба ҳалокат расондаанд.
Айни ҳол оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ПОРА
корманди Хадамоти иҷроро ба ҷавобгарӣ кашид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи муроҷиати як шаҳрванд Ҷовид Саидзода – иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсиро бо ҷурми порагирӣ боздошт кардааст.
Тавре маркази матбуоти агентӣ хабар медиҳад, номбурда аз шаҳрванд «А» барои дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дорад, 2500 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Чунин муомила 3 июни соли ҷорӣ сурат гирифта, дар пайи он шаҳрванд «А» ба агентӣ муроҷиат кардааст, ки худи ҳамон рӯз нисбат ба Ҷовид Саидзода бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор…) парванда оғоз шуда, номбурда ҳангоми гирифтани маблағ дастгир шуд.
Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба иҷрочии суд идома дошта, ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
ҒОРАТГАРӢ
Гумонбарон ба дасти милитсия афтоданд
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои ВКД, боздоштшудаҳо 6 ноябр марди 28 - солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе латукӯб карда, телефони мобилиашро ошкоро тасарруф намудаанд.
Гумонбарон ҷавонони 18 ва 20 - сола сокинони ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ буда, ин ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2020 №: 218 Мутолиа карданд: 1467