ҳуқуқ
РАШТ. ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
Гурӯҳи кории қабулгоҳи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар байни кормандони бозору марказҳои савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонии ҳудуди ноҳия пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Тавре Хоҷазода Хайриддин Ваҷиддин, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати мунтазам ба таъмини бехатарию солимии ҷомеа ва устувории нархи маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуда истодааст.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони маркази минтақавии ташхиси "Тоҷикстандарт", ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад, ба гурӯҳи кории қабулгоҳи ҷамъиятӣ шомиланд. Аз тарафи ниҳоди мазкур дар ҳудуди ноҳия 125 мағозаю нуқтаи хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ бо шаҳодатнома таъмин гардидааст. Тайи ин муддат дар асоси нақшаи корӣ 50 ва дар асоси мактубҳои мақомоти ҳуқуқӣ 5 санҷиши муштарак гузаронда шуда, камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд. Аз 29 нуқтаи савдои ноҳия 16 фурӯзонаки каммасраф, 258 бозичаи пастсифат ва 207 килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳамчунин, 178 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ (ба миқдори 11652 кг) аз ташхиси мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ гузаронда, аз ин шумора 15 намуна ба миқдори 92,12 кг ғайристандартӣ дониста шуд. Озмоишгоҳи ташхисии метрологии маркази мазкур 656 воситаи ченак - 490 ченаки электромагнитӣ ва 166 воситаи ченаки механикиро аз санҷиш гузаронда, 14 воситаи ченакро корношоям муқаррар кард.
Ҳангоми гузарондани санҷишҳои санитарию гигиенӣ дар марказҳои савдою нуқтаҳои хизматрасонӣ 22,9 кг маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.
Бо тавсияи аъзои гурӯҳи қабулгоҳи ҷамъиятӣ раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия ҷиҳати пешгирии бемории Covid-19 дар даромадгоҳҳои бозори марказӣ 3 дизбарйер ва 3 таҷҳизоти ҳароратсанҷ гузошта, барои риояи ҳатмии қоидаҳои муҳофизатии тавсияшуда пайваста назорат мебарад.
- Ҳамин тариқ, ҳар ҳафта ҳайати гурӯҳи кории қабулгоҳи ҷамъиятӣ то ду бор ба ҳам омада, дар нуқтаҳои хизматрасонӣ корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ мегузаронанд. Боварӣ ҳаст, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ноҳия ҳамеша ҳифз мегардад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Х. Хоҷазода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2020 №: 218 Мутолиа карданд: 1082