logo

иқтисод

ДАШТИ РОШОРВ. 800 ГЕКТАР ЗАМИН ШОДОБ МЕГАРДАД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати амалигардонии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи ҳар порча замин дар ҳамкорӣ  бо  шарикони  рушд як қатор корҳо, аз ҷумла якҷо бо Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон барномаи  “Амнияти  озуқаворӣ  ва ғизои  солим” - ро роҳандозӣ намудаанд.
Ба  гуфтаи Азимшо  Баҳромов, мутахассиси соҳаи  кишоварзии БҶИИМК, ин барнома дар се ҷамоати деҳоти вилоят, ки вазъи иқтисодиашон  нисбати дигар ҷамоатҳо мушкилтар мебошад, мавриди татбиқ карор гирифтааст.
 - Ҷамоати  деҳоти  Савноби  ноҳияи  Рӯшон  аз  ҷумлаи ин  ҷамоатҳо  мебошад. Дар деҳоти  мазкур  заминҳои  бекорхобида зиёданд. Масалан, дашти Рошорв, ки  масоҳаташ аз 1000 гектар   ҳам  мегузарад, то ҳол шодоб  нашудааст. Бо  маслиҳати  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  қарор  додем, ки  шодобкунии  заминҳои  ин  даштро  ба лоиҳаи “ Амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим”  ворид  намоем. Мутахассисон бар онанд, ки  800 гектар замини дашти  Рошорв  барои азхудкунӣ  пурра мувофиқ  мебошад, - гуфт ӯ.
Раиси  Ҷамоати  деҳоти  Савноб Малабек Малабеков зикр кард,  ки бо мақсади амалигардонии ин нақша  дар деҳаи Рошорв хоҷагии деҳқонии «Баракат» ташкил  гардид.  Мувофиқи лоиҳа,  кор аз таъмини  заминҳои  дашти Рошорв бо  об оғоз  ёфт. Канали обгузаре, ки бунёди он соли 1995-ум оғоз шуда  буд,  бо мурури замон  вайрон гардида, ба таъмири асосӣ  ниёз дошт. Бинобар ин, бо ҷалби сармояи шарикони рушд 3 сол қабл барқарорсозии он ба нақша гирифта,  ин кор дар муддати нисбатан кӯтоҳ  анҷом дода шуд. Ин канал  аз бари кӯҳ мегузарад ва қитъаҳои алоҳидаи он тамоман зери сангу хок монда буданд. Лозим омад, ки  дар ин қисматҳо лӯлаҳои калонҳаҷм  хобонанд. Дар барқарорсозии мавзеъҳои  алоҳида аз семент истифода бурда  шуд. Дар натиҷа иншооти мукаммали обрасонӣ бунёд гардида, ба дашти Рошорв об омад.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани  канали обгузар  ва  таъмини  фаъолияти  бонизоми он қад-қади  канал роҳи автомобилгард сохта шуд, то  дар  мавридҳои  зарурӣ шахсони  масъул сари вақт камбудиҳои ҷойдоштаро  ошкор ва бартараф карда тавонанд.
Ба  гуфтаи  Азимшо  Баҳромов,  иншооти обтаъминкунии дашти Рошорв мутобиқи технологияи  муосир сохта шуда, қодир аст дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 гектар заминро  шодоб намояд. Азхудкунии заминҳои бекорхобида  марҳила ба марҳила  идома меёбад.
Соли гузашта  30 гектар замини дашти Рошорв  ба гардиши кишоварзӣ  дароварда шуд. Соли равон бошад, иловатан  32 гектари дигар  кишт гардид. Аз диди сокинони деҳаи Рошорв, парвариши ҳамаи навъҳои  зироатҳои ғалладонагӣ ва картошка  дар шароити ин мавзеъ  самараи дилхоҳ медиҳад.
Айни ҳол  бархе аъзои  хоҷагии деҳқонии «Баракат»  ба ҷамъоварии ҳосили ҷав ва нахӯди сабз  машғуланд. Ҷав  дар шароити иқлими  деҳаи баландкӯҳи Рошорв,  ки аз сатҳи баҳр  дар баландии  зиёда аз 3 ҳазор метр  ҷойгир аст, хуб нашъунамо мекунад.  Солҳои пеш  мардум  аз ночорӣ орди онро  истеъмол менамуданд, вале ҳоло онро  ҳамчун хӯроки чорво ва ба сифати маҳсулоти парҳезӣ   барои одамони  гирифтори  касалиҳои гуногун истифода мебаранд.
Дар  ин мавзеъ, ҳамчунин, нахӯди  сабз ҳосили  дилхоҳ  медиҳад. Солҳои  пеш нахӯди  сабзро  дар  водии  Бартанг бисёр кишт  мекарданд. Вале оҳиста - оҳиста кишти  ин  зироат, ки  онро пешгузаштагон чун  таоми  парҳезӣ истифода  мебурданд, барҳам хӯрда, он хеле  камёфт шуд. Ба хотири  эҳёи анъанаи ниёгон  бори  аввал  кишти  нахӯди сабз  дар  дашти  Рошорв таҷриба  карда  шуд ва  натиҷаи хуб дод. Деҳқонон тасмим  доранд, ки  дар  оянда  майдони   кишти  нахӯди  сабзро  зиёд  ва  ҳосили бадастовардаро ба  ғайр аз  истифода  дар  хоҷагии худ ба  савдо   бароранд.
Сокини  Рошорв Пайшанбе Ошурмамадов, ки  дар дашти  навкорам соҳиби  6  гектар  замин гардидааст, гуфт, ки  имсол  дар  як гектар  картошка  ва дар замини боқимонда зироатҳои  ғалладонагӣ коштааст. Имрӯзҳо  дарави  ғалла  шурӯъ  шудааст. Тавре  мушоҳида  гардид, ҳосили  ғалладона  хуб аст. Ҳар як хӯшаи  гандум аз 80 то 130 - 150 дона дорад, ки ин дар  шароити  Бартанг нишондиҳандаи  беҳтарин  маҳсуб  меёбад.
Аз рӯи иттилои Малабек Малабеков,   соли гузашта    дар ин деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 120 тонна ғалла  ҷамъоварӣ гардид. Савноб   дорои 310 гектар заминҳои корам мебошад, ки 175 гектараш ба деҳаи Рошорв  рост меояд. Бо ба кор андохтани ҳамаи заминҳои бекорхобидаи дашти Рошорв масоҳати умумии заминҳои кишт аз 935 гектар  мегузарад. Ин   амал як гоми устувор  дар таъмини амнияти озуқавории кишвар   хоҳад шуд.
Барои анҷоми  кишт ва ҷамъоварии ҳосил, тибқи  барнома,  барои  хоҷагии  деҳқонии  “Баракат” - и  деҳаи  Рошорв шарикони  рушд ба  маблағи  бештар  аз  100  ҳазор  доллари  амрикоӣ  техникаву  механизмҳои кишоварзӣ  дастрас  намуданд. Дар  назар  аст, ки  бо  афзоиши  масоҳати майдони  замини  азхудшуда ба ихтиёри хоҷагӣ  боз  техникаҳои нав дода  мешаванд.
Азбаски яке аз ҳадафҳои асосии  барномаи  ”Амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим”  ба роҳ мондани тухмипарварӣ  ва нигаҳдории он  мебошад, дар ҳамаи мавзеъҳое, ки  ба ин лоиҳа шомиланд, сардхона  ва  анборхонаҳо сохта шуданд. Ба деҳқонон дар марҳилаи аввал  тухмии ройгон  дода шуд ва  онҳо  тирамоҳ 10 фоизи онро барои  таъмини  тухмии  соли  оянда  ба  хоҷагӣ бармегардонанд. Сардхонае, ки  дар  деҳаи Рошорв  сохта шудааст, барои нигаҳдории  90 тонна  тухмии картошка   ва зироатҳои ғалладонагӣ мувофиқ аст. Ин  имкон  медиҳад, ки  деҳқонон  ҳамасола  бо тухмии хушсифат  пурра таъмин бошанд ва корҳои  баҳориро  сари  вақт анҷом  диҳанд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2020    №: 218    Мутолиа карданд: 775
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед