logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа муроҷиати видеоии Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш интишор гардид. 
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир шуд, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҷониби Россия дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсати худ дар СҲШ соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор шавад.
 Тавре таъкид шуд, ҷаласаи кунунии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар даврае баргузор мегардад, ки минтақа ва ҷаҳонро паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 фаро гирифта, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва молиявии аксари кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин, ба ҷараёни рушди муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти таъсири хатарҳои пешгӯинашавандаи ин беморӣ ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин, муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, инчунин, мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуданд.
Бо назардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимоамалкунандаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мусоидати давлатҳои аъзои СҲШ дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлат, ҳамчунин, тақвияти ҳамгироии созмон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус СММ, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Баёнияи Москва ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои аъзо қабул гардиданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ анҷом ёфт. Сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони давлатҳои нозиру мушоҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти роҳбарӣ комёбию муваффақиятҳои наву беназир таманно намуданд.
Ҳамин тариқ, раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва давоми солҳои 2020 – 2021 Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ-ро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ намуда, тамоми чорабиниҳои ин созмон таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон баргузор мегардад.
Соли 2021, ки дар Тоҷикистон Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай чорабиниҳои сатҳи баланд низ баргузор мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2020    №: 219    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед