logo

туризм

COVID-19: САЙЁҲӢ ДАР ДАВРАИ ПАСОБУҲРОНӢ

Хуруҷи COVID - 19,  пеш аз ҳама, соҳаи сайёҳиро заиф гардонд. Дар натиҷаи баста шудани сарҳадҳо, қатъи парвозҳои ҳавоӣ, бекор шудани чорабиниҳои байналмилалӣ, коҳиши шумораи сайёҳон бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ аз фаъолият боз монд. Бавижа меҳмонхонадорӣ ва нақлиёти ҳавоӣ ба хисороти молиявии ҷиддӣ дучор гардиданд. Тибқи хабари Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, тӯли ҳашт моҳи гузашта сафарҳои ҳавоӣ дар дунё 70 дарсад коҳиш ёфт ва зарари коронавирус ба соҳа $730 миллиардро ташкил дод.
Ба гуфтаи Имомназар Имомов, мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳӣ, марҳила ба марҳила давраи шиддати буҳрон ба поён  мерасад. Баргаштани мардум ба ҳаёти муқаррарӣ имкон медиҳад, то субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз нав ба фаъолият пардозанд. Вале бо назардошти ҳодисаҳои чанд моҳи охир ва пешгӯиҳои коршиносон, метавон хулоса кард, ки дар 1-2 соли оянда соҳаи сайёҳӣ танҳо марҳилаи барқароршавӣ ва рафъи оқибатҳои ин буҳронро аз сар мегузаронад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳаҳои сайёҳӣ дар давраи буҳронӣ ва пасобуҳронӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, № 1544 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умум, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ ҷорӣ гардид.

“1 ДОЛЛАР АЗ 3 САЙЁҲ, НА 1 ДОЛЛАР АЗ 1 САЙЁҲ”
Дар давраи пасобуҳронӣ талаботи гардишгарон ба сафар ва саёҳат тағйир меёбад, ки сабабҳои худро дорад. Чун дар давраи авҷи бемории ҳамагири COVID-19 аксар одамон ё бекор монданд ва ё ба рухсатии бемузд рафтанд, имкониятҳои молиявияшон  маҳдуд гардид. Инро дар мисоли Федератсияи Россия, ки шаҳрвандонаш дар раддаи давлатҳои аз ҳама бештар ба кишвари мо чун сайёҳ ташрифоваранда қарор дорад, дидан мумкин аст. Тибқи пурсишҳое, ки дар давраи хуруҷи коронавирус гузаронда шуданд, 36 дарсади пурсидашудагон аз Федератсияи Россия қайд намуданд, ки дар давраи пасобуҳронӣ имкони мисли пеш сарф кардани маблағ барои сайёҳӣ ва сафарро надоранд. Ҳамзамон, 70 дарсади пурсидашудагон махсус зикр намудаанд, ки барои имсол хароҷоти сафару саёҳатро кам карданианд. Дар ин росто, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ба вижа ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавоиро мебояд, ки ин омилҳоро ба назар гирифта барои сайёҳон тахфифҳоро аз 30 то 60 дарсад пешниҳод намоянд. Зеро айни ҳол сайёҳон бештар хоҳиши сафар ба минтақаҳоеро доранд, ки нархи хизматрасониҳои сайёҳӣ арзонтару дастрас мебошад. Ҳоло дар бештари кишварҳо назири Чин, Италия, Мексика, давлатҳои ҷазиравӣ субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз рӯйи шиори  “1 доллар аз 3 сайёҳ, на 1 доллар аз 1 сайёҳ” амал карда истодаанд. Зеро ҷалби бештари сайёҳон дар ин давра шумораи сайёҳони потенсиалиро дар солҳои минбаъда афзун мегардонад.

ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ – МЕЪЁРИ АСОСӢ
Умед Исҳоқзода, мутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз медорад, ки тибқи таҳлилҳои ҳамтоёни хориҷиамон, агар солҳои пеш сайёҳон ҳангоми сафар ва саёҳат бештар ба ҷанбаҳои шароити будубош ва хизматрасонӣ таваҷҷуҳ мекарданд, ҳоло барои онҳо дар мадди аввал омили амният ва бехатарӣ меистад. Мутаносибан 18-22 дарсад солҳои қаблӣ ва  38-40 дарсад айни замон. Пас аз пайдо шудани вируси нав сайёҳон нияти саёҳат танҳо ба он кишварҳоеро доранд, ки ба онҳо амнияти пурра таъмин карда метавонанд.  Ин ҷо на танҳо таъмини амният аз ҳар гуна хатарҳо, балки аз бемориҳо низ дар назар дошта шудааст. Маркази байналмилалии омӯзиши афкори умум «Gallup»-и ИМА дар асоси назарпурсии соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистонро шомили кишварҳои амнтарини ҷаҳон намуд. Ин ҷиҳат барои рушди сайёҳии кишвари мо мусоидат карда метавонад. Дар ин росто, субъектҳои хизматрасонии соҳа метавонанд, ки бо тарғиб намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари амн ва орӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо самти “сайёҳии бехатар” - ро барои сайёҳон пешниҳод  намоянд. Ҳамзамон, ташкили бунгоҳҳои тиббӣ барои санҷиши ташрифоварандагон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо, таъмини онҳо бо лавозимоти зарурии тиббӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ  ВА САБУКГАРДОНИИ  ШИДДАТИ БУҲРОН
Мутахассисон иброз медоранд, ки паҳн гардидани бемории COVID-19 бори дигар собит намуд, ки давлат ва бахши хусусӣ бояд, пеш аз ҳама, ба сайёҳии дохилӣ ва рушди он таваҷҷуҳ намоянд ва шароит фароҳам оранд. Зеро ҳангоми баста будани сарҳадҳо ва парвозҳо ягона самте, ки субъектҳои хизматрасон фаъолият карда метавонанд сайёҳии дохилӣ аст. Равнақ додани сайёҳии дохилӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намуда, аз зебоиҳои диёри хеш шинос шаванд, фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои халқи худро омӯзанд. Ин бошад дар рӯҳи онҳо ғояҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дӯстию ваҳдатро ҷой мекунад.
Ҳамзамон, бояд ба назар гирифт, ки ҳатто баъди пастшавии шиддати паҳншавии коронавирус баъзе кишварҳо барои ҳифзи амнияти шаҳрвандонашон маҳдудиятҳои сафар ба кишварҳои дигарро намебардоранд. Ба андешаи мутахассисон, дар ҳамин ҳол маҳз таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ ширкатҳои сайёҳиро бо мизоҷони доимӣ таъмин мекунад ва барои сабуктар гузарондани шиддати буҳрон мусоидат менамояд. Инчунин, ҳангоми сафари шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар маблағи сарфшаванда дар дохили давлат боқӣ мемонад ва барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ дар ин давраи мушкил ёрӣ мерасонад.

ҶАЛБИ МАБЛАҒҲО ВА ПЕШБУРДИ ТАБЛИҒОТ АЗ ТАДБИРҲОИ МУҲИМ
- Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар давраи пасобуҳронӣ барои муназзам фаъолият намудани субъектҳои хизматрасонӣ мусоидат мекунад, ҷалби маблағҳо ба соҳа мебошад, мегӯяд Имомназар Имомов. Ба гуфтаи ӯ, давраи пасобуҳронӣ барои ҳамаи соҳаҳо мушкил хоҳад буд. Хусусан, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ки муддати зиёд фаъолият накарданд, барои пешбурди кору фаъолияти худ ва зудтар барқарор намудани он ба малбағ ниёз пайдо мекунанд. Бонкҳо низ, ки дар давраи пандемия бо сабаби таътилҳои андозӣ натавонистанд бо имконияти том фаъолият кунанд, дар ин вақт барои пайдо кардани мизоҷон ҳаракат мекунанд. Дар ҳолати пешниҳод шудани қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби бонкҳо, зарарҳо метавонанд сари вақт барқарор гарданд.
Тадбири дигаре, ки дар ин давра пеш гирифтан зарур аст,  таваҷҷуҳи бештар ба корҳои таблиғу ташвиқ мебошад. Маҳдуд шудан бо телевизион ва рӯзномаю  маҷаллаҳо, хусусан барои пешбурди фаъолияти сайёҳӣ самарабахш нест. Шеваи кор дар ин самт дигаргунӣ тақозо менамояд. Ташвиқи васеи имкониятҳои сайёҳӣ, хизматрасониҳо, зарфиятҳои сафар ва саёҳат ба кишвари мо, ба вижа бо забонҳои хориҷӣ  дар сомонаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин дар ҳолест, ки корҳои тарғиботӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ камхарҷу серистифода аст.
Ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо барои пешбурд ва таҳлили соҳа аз як ҷиҳат сабақи хуб буда, фурсат медиҳанд, ки барнома ва стратегияҳои ҷорӣ бозбинӣ шаванд, самтҳои наву афзалиятноки фаъолият муайян гарданд. Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда шароит фароҳам меоранд, ки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ фаъолияти худро дигаргун сохта, ба бозорҳои нави сайёҳӣ роҳ ёбанд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2020    №: 219    Мутолиа карданд: 5539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед