logo

иқтисод

АШТ. АМАЛҲОИ СОЗАНДАИ “РАХШОНА”

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба фаъолияти соҳибкорон баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон маҳз аз кори босамари  онҳо вобастагӣ дорад. Дар ин самт ба Шуҳрат Маҳмадҷонов, соҳибкори ҷавони маҳаллӣ, раиси ширкати серсоҳаи  “Рахшона”, барои иқдомҳои созанда самимона арзи сипос гуфта, баҳри рушди минбаъдаи хоҷагӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
ҶДММ “Рахшона”  соли 2009 таъсис ёфта, дар ин муддат бо иқдому созандагиҳои воқеӣ дар ноҳияи Ашту вилояти Суғд ба яке аз ширкатҳои муваффақи серсоҳа мубаддал гардид.  Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, назири пахта  ғалла, сабзавоту мева иқтидори иқтисодӣ низ сол то сол боло рафта, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар иртибот бо паҳншавии бемории короновирус ширкат мавқеи ватандӯстонаву хайрхоҳона баргузида, соли равон садҳо ҷавони қобили меҳнатро бо корҳои доимию  мавсимӣ таъмин кард. Феълан, бино ба иттилои Шуҳрат Маҳмадҷонов, раиси ширкат, теъдоди кормандони доимӣ аз 450 нафар афзуда, дар мавсими ҳосилғундорӣ ба 1000 нафар мерасад.
“Рахшона” истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ - пахтаро аз 1,5 - 2 ҳазор тоннаи қаблӣ имрӯз ба зиёда аз 4 ҳазор тонна расонда, ба коркарди ниҳоии маҳсулот  зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳоло дар ширкат корхонаи тавлиди равған бо иқтидори коркарди 3 ҳазору 284 тонна чигит, истеҳсоли 430 тонна равған ва истеҳоли хӯроки чорво муътадил фаъолият дошта, аҳли кормандон ва сокинони деҳоти Ашт, Ошоба, Ориёнро бо маҳсулоти худӣ таъмин месозад. Ҷиҳати амалисозии “Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” дар ширкат  тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина фермаи чорводорӣ таъсис додаанд ва ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти чорвои худӣ корхонаи коркарди маҳсулотии ширӣ низ фаъолият дошта, аҳолии ноҳияро бо нархҳои назар ба бозор  арзонтар бо ширу ҷурғот ва қаймоқи хушсифат таъмин мекунад.
Соли равон ҶДММ “Рахшона” баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими миллӣ – таъмини амнияти озуқавории кишвар боз як қадами ҷиддӣ пеш гузошт. Шароит фароҳам овард, ки аҳолии ноҳия тамоми фасли сол бо маҳсулоти ғизоии худӣ - гӯшти парҳезии моҳӣ таъмин бошанд. Ҳавзҳои моҳипарварии ширкат дар масоҳати 45 гектар доман густурда, дар ин ҷо навъҳои моҳии пешонағафси сафед, карп, амур ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Бино ба иттилои Шуҳрат Маҳмадҷонов, имсол истеҳсоли зиёда аз 100 тонна гӯшти моҳӣ  дар назар аст.
- Парвариши моҳӣ, сарфи назар аз баъзе мушкилиҳои хӯрока, назар ба парвариши ҳама намуди зироат ва мевагиҳо 8 - 10 маротиба зиёдтар фоидаи иқтисодӣ меорад. Барои ҳамин,  рӯзҳои наздик  ҷиҳати таъмини ниёзмандони гӯшти парҳезӣ аз хориҷи кишвар техникаи муосир ворид карда мешавад, - гуфт  Давронҷон Охунҷонов, муовини директори ҶДММ “Рахшона”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ширкати “Рахшона” оид ба ривоҷу равнақи соҳаҳои пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва моҳипарварӣ ба масъулини корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва санги асоси бунёди коргоҳи коркарди маҳсулоти моҳиро гузоштанд.
Нақшаҳои ширкат ҷиҳати фаъолияти густурда дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ - бунёди боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти пахтагию чорводорӣ ва сабзавоту меваҷот дар заминаи воридсозии технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки замин хеле фароханд. Танҳо дар  ду - се соли охир кормандони ширкат, дар маҷмӯъ зиёда аз 450 гетар заминҳои солҳои сол бекормондаро дар мавзеъҳои гуногуни ноҳия  аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, парвариши боғу токзори нав, пахта, ғалладона ва сабзавотро ба роҳ мондаанд. Баҳри обёрии қитъаҳои замини азхудшуда ширкат се чоҳи нави амудию як пойгоҳи обкаширо бунёд карда, ба ихтиёри деҳқонон вогузошт.
Дар ширкат барои кору фароғати кормандон ҳамаи шароитҳо муҳайёанд, - бо қаноатмандӣ иброз дошт Каримҷон Абдалиев, раиси иттифоқи касабаи ҶДММ “Рахшона”. 
Музди маоши  кормандон, воқеан,  дар қиёс ба дигар корхонаву муассисаҳо зиёд буда, сари вақт пардохт мегардад. Кормандон имкон доранд, бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои “Зумрад”, “Шифо”, “Баҳористон” рафта, истироҳат ва саломатиашонро барқарор кунанд. “Рахшона” дар масъалаи дастгирии оилаҳои ниёзманду серфарзанд, беморон, муассисаҳои иҷтимоии ноҳия, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва ободонии ноҳия низ саҳми хуб мегирад. Фақат дар ду - се соли охир  барои ҳамин ҳадафҳо аз ҳисоби худ, дар маҷмӯъ қариб 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст ва ин раванд идома хоҳад ёфт. Имсол дар шароити басо ҳассоси паҳншавии бемории короновирус  ширкат баҳри солимии кормандон ва пешгирӣ аз ин беморию риояи беҳдошти санитарӣ  иқдомҳои зиёдро амалӣ сохт ва, хушбахтона, ҳоло ҳамаи кормандон сиҳату саломат фаъолияти босамари худро идома медиҳанд.                    

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2020    №: 219    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед