озмунҳо
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба
30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ОЗМУН эълон менамояд.
Дар озмун олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳои пешниҳодшаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ офарида шуда, фарогири дастовардҳои замони истиқлолият зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бошанд.
Асарҳо дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.
Озмун аз 15 ноябри соли 2020 то 15 августи соли 2021 идома ёфта, дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ
Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 10760