logo

фарҳанг

ПРЕЗИДЕНТ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ

Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ (6 театр дар шаҳри Душанбе,  7 – то дар вилояти Суғд, 4 - то дар вилояти Хатлон, 1 - то дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), 6 муассисаи консертӣ ва Сирки давлатии Тоҷикистон бо мақсади қонеъ гардондани талаботи  маънавии ҷомеа  фаъолият доранд.
Дар ин давра, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019 ва Барномаи давлатии рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017 қабул  ва амалӣ гардиданд. Барномаҳои мазкур   барои  мустаҳакамшавии базаи моддию техникӣ ва кадриву фаннии муассисаҳои мазкур такони ҷиддӣ бахшида, бобати инкишофи минбаъдаи онҳо заминаҳои боэътимод ба вуҷуд оварданд.
Тӯли солҳои 2013 - 2020 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ ду театри касбӣ - Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” - и шаҳри Бохтар, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ва як муассисаи консертӣ - Филармонияи давлатии  бачагонаи Тоҷикистон  таъсис ёфтанд, ки фаъолияти пурсамар дошта, дар инкишофи санъати касбии тоҷик ва тарғибу ташвиқи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас доранд. Дар идомаи ин иқдомот ба бунёди бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ - Театри миллии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд. Биноҳои нави Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Аз соли 2013 то нимсолаи аввали соли 2020 дар театрҳои касбии кишвар 450 намоиши нав аз рӯи асарҳои драманависони ватаниву хориҷӣ, аз қабили балети «Мақоми ишқ» - и Фирӯз Баҳор, “Зол ва Рӯдоба” - и Шуҳрат  Ашӯров,   операи “Хусрав ва Ширин”  - и Амирбек Мӯсоев ва «Тоска» - и Ҷакомо Пуччини дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, асарҳои “Фирдавсӣ” - и   Сотим Улуғзода, “Кавсан” - и Ҷумъа Қуддус,   “Обу оташ” - и Мансур Суруш  дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Нидои Хайём» - и Темур Зулфиқоров, «Тартюф» аз рӯи асари Жан Батист  Поклен Молйер, «Ҳамлет» - и Уилям Шекспир дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский, “Солори Аҷам” - и Файзи Ашӯр дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи  шаҳри Кӯлоб, «Гумроҳон» - и Далер Мирхонов дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, “Баҳори Фаронса” - и Тоҳир Маҳмадризоев дар Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара, Парвози Шоҳин” - и Сафармуҳаммад Айюбӣ дар  Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, “Тақдир” ва “Доғ” - и Нарзулло Шарифов  дар Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи  русии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон, намоишномаи “Пораи дили модар” - и Ҳ. Шариф дар Театри тамошобини навраси  ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд ва ғайра саҳнавӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, солҳои 2013 - 2020 барои соҳаи санъату ҳунар таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи бобарор ва рушд маҳсуб мешавад.

М.САИДОВ,
сардори раёсати санъати
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 788
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед