logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Боиси ифтихор аст, ки баъди ҳазор сол  бози  давлат бар сари тоҷик  нишасту 9 сентябри соли 1991 дубора соҳиби давлати мустақил гардид. Мутаассифона, душманони дохилӣ ва берунӣ намехостанд, ки тоҷикон соҳибдавлат бошанд ва аз пайи тақсиму пароканда кардани миллату давлати навин шуда, гурӯҳҳои ба ҳам мухолифро ба ҷанги таҳмилии шахрвандӣ кашиданд. Акнун Пешвое лозим буд, ки пеши роҳи хунрезӣ ва миллаткуширо гирад ва давлати ҷавонро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад. Чунин шахсияти бузург, ки тавонист ҷанги бародаркушро хомӯш созад ва миллату давлатро аз нестшавӣ наҷот бахшад, Эмомалӣ Раҳмон буд.

Нависандаи русзабони тоҷик  Темур Зулфиқоров хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳошияи китобаш чунин  мазмун додааст: «Президент Эмомалӣ Раҳмон тавонист оташро дар найистон хомӯш созад».
Бузургтарин  иқдоми  Роҳбари давлатамон  матраҳ сохтани Консепсияи давлати ягонаи тоҷикон буд. Маълум аст, ки давлатҳои низоми демократидошта дар дунё бисёранд ва чунин шакли давлатдорӣ  беҳтарин  маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат  ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ин нуқтаро чунин арзёбӣ намуда буданд: «Мақсади мо  сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад». Ҳамин нуқта соли 1994 дар Конститутсияи ҷумҳурӣ  ба шакли қонун даромад. Аз ин рӯ, имрӯз Тоҷикистон  дар  дунё мавқеъ ва нуфузи вижаро дорост. Яке аз бузургтарин  муваффақият ва пирӯзии Пешвои миллат дар замири шаҳрвандони кишвар парвардани ҳисси бедории миллӣ ва ватанпарастӣ, эҳё намудани  анъанаҳо, ҷашну маросим, умуман  бозгӯ намудани  таърихи  миллат ва ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ  буду мебошад. Ин ҳамаро Пешвои муаззами миллат дар худшиносии миллӣ зимни омӯзиши таърихи гузаштаи халқамон мебинад.                                                                                                        
Роҳбари давлат дар асари хеш «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва дигар асарҳои таърихӣ бузургони  гузаштаро  ба халқ муаррифӣ намуда, номи неки онҳоро дубора дар авроқи рангини осори ҷовидонаашон сабт кардаанд,зеро ки Ҷалолиддини Балхӣ гуфта буд:
Пой  бар  хоки Аҷам оҳиста неҳ, ай бехабар,
Дар дили ҳар заррааш  марди бузурге  хуфтааст.
Бо ин мақсади наҷиб бисёр ҷашну осори таърихиамон, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, «Чакан», «Фалак»,  «Шашмақом», «Саразм»  ва ғайраро  ба феҳристи фарҳанги ҷаҳонӣ ворид сохтанд ва  ин раванд идома дорад.
Таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат хусусан ба аҳли зиё  хеле бузург аст ва ба  нақши онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ  баҳои баланд  медиҳанд. «Имрӯз, – мегӯянд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, - дар шароити ҷаҳонишавӣ ва  бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан  ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигоҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст». Ба нақши фарҳанг дар ҷомеаи  шаҳрвандӣ баҳои махсусе дода, аз ҷумла мефармоянд: «Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон мекунем, ки истиқлолияти фарҳангӣ баробари истиқлолияти сиёсӣ бароямон азиз аст». Ҳоло дар ҷаҳон бархӯрди тамаддунҳо идома дорад, ки ҳадафи аслии  он фурӯ бурдани фарҳанги  халқҳо ва давлатҳои хурд аст. Муҳаммади Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Дар ҷанг мағлуб шудан даҳшатовар нест. Даҳшатовар  он аст, ки душман мафкураи худро ин ҷо роҳандозӣ кунад». Дар асри XIX  як сафири  Британия дар Ҳиндустон чунин мегуфт: «Бигузор  ҳинду ҳинду монад, аммо ӯ тафаккури инглисӣ дошта бошад». Дар ҷои дигар Ҳиҷозӣ мегӯяд: «Шикасте, ки аз қудрати аслиҳа бошад, ҷуброн мешавад, аммо шикасте, ки аз бартарии донишу тамаддуни фотеҳ бирасад, ҷуброннопазир аст».
Пешвои миллат баҳри рушди таъриху фарҳангамон чунин  китобҳо, ба мисли  «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Уфуқҳои Истиқлол» офарида, саргузашти бисёрҳазорсолаи миллати тоҷикро аз диди нав  ба мардум ва ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд ва ин фикрро Президенти кишвар бори дигар дар вохӯрӣ дар шаҳри Панҷакент чунин иброз доштанд:
«Таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад». Яъне, агар миллат худро нашиносад, аз ҳувият ва тафаккури миллӣ бархӯрдор намегардад, ватандӯст ҳам нахоҳад шуд ва ҳатто давлаташро ҳифз карда наметавонаду онро аз даст  медиҳад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сифати пешворо ин тавр ба қалам додааст:
Пешво чашм аст дасту пойро,
К - ӯ бубинад ҷойро, ноҷойро.

Хислатҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шеър хуб тасвир шудаанд. Хизматҳои ӯро ҷаҳониён низ қадр менамоянд. Масалан, ходими намоёни ҷамъиятии давлати Россия Н. Проханов ба Роғун сафар намуда, ба ташаббуси бузурги Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо додааст:  «Эмомалӣ  Раҳмон фарҳанги зеризаминӣ бунёд кардааст. Ин фарҳанги Илоҳист! Живи Рагун!».Масъуди Сипанд, шоири ҳамзабони мо дар Амрико, хизматҳои барҷастаи Роҳбари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро чунин ба қалам додааст: «Фикр мекунам ва аминам, ки Тоҷикистон биҳишт аст. Тоҷикон бояд дар атрофи Роҳбари хеш муттаҳид бошанд ва истиқлолияти  кишварро аз ҳама гуна дастдарозӣ ҳифозат намоянд». Шоири шаҳир Бозор Собир корномаи Пешвои муаззами миллатро чунин васф кардааст:
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС – и Роғун,
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу пӯлод,
Пойдор!
Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.
Номи туро нависам, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
                                                        
Ҷамшед МУРОДАЛИЗОДА,
директори генералии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара”,               
Бозор Муроди МЕРОСБАР,
корманди калони илмии Осорхонаи “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара”,
Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди ДДД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 910
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед