ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ. САНАДЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ҶАҲОН ПАЙВАСТ
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Мӯҷиби фахр аст, ки имрӯз Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Дарвоқеъ, қонуни асосии кишвар аз конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби парламент қабул мешуданд, ба кулли фарқ мекунад. Конститутсия меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуд, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум кард, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардида, истифодаи самараноки он ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дода шуд.
Вобаста ба таҳаввулот ва пешрафту дигаргуниҳо се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 3 феврали соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои он такмил дода шуданд.
Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди он далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад.
Муҳиму эътирофшуда будани ин асосҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аз ҷониби аксари давлатҳо новобаста ба сатҳи рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пазируфта шудаанд. Инчунин, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи нав боиси он гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксарияти конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи муайянро ишғол намояд.
Дар Конститутсия эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсия ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст.
Умуман, имрӯз дар Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия ба таври устувор вориди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ гардида, назарияи конститутсионализм инкишоф ёфтааст ва исботи ин омил тарзи демократии таҳия, қабул ва такмили Конститутсия, мавҷудияти назорати конститутсионӣ, устувории меъёрҳои конститутсионӣ ва эътирофи арзишҳои волои инсонӣ ба шумор меравад.
Шаҳлохон АЛИМЗОДА,
корманди Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аспиранти ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.11.2020 №: 222 Мутолиа карданд: 636