logo

илм

ДДЗТ. МАРКАЗИ МУОСИРИ РУШДИ ЗАБОНОМӮЗӢ

Ҳар як забономӯзе, ки ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул мешавад, пеш аз ҳама, бояд забони модарии хешро хуб донад ва дар раванди омӯхтани забонҳои хориҷӣ забонеро, ки меомӯзад, бояд бо забони модарии хеш муқоиса намояд. Ба усули муқоисавӣ  ва мутаносибӣ  омӯхтани забонҳо на танҳо барои  аз худ кардани  вижагиҳои грамматикаи забонҳои хориҷӣ, балки барои  боз ҳам беҳтар  ва амиқтар  аз худ намудани  забони модарӣ  кумак мерасонад.

Дар кишвари мо тайи даҳсолаи ахир бо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду санади муҳими дигар қабул гардид, ки ба рушди омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, такони ҷиддӣ бахшиданд. Инҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» мебошанд.
Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи ҳозира мавқеи махсусро дорост. Забонҳои хориҷӣ воситаи васл бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва моро бо фарҳангу тамаддуни олам ошно месозанд. Тараққиёти кишварҳои гуногун воситаи омӯзиш ва густариши забонҳои худро дар давраи глобализатсия фароҳам меорад. Ошноӣ пайдо кардан аз тараққиёт ва пешрафтҳои кишварҳои олам бидуни донистани забони онҳо имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки масъалаи омӯзиши забон ва фарҳанги кишварҳои абарқудрати дунё ба миён меояд.
Забони англисӣ яке аз серистеъмолтарин забонҳои дунёст. Имрӯз ин забон дар панҷ кишвари дунё ба сифати забони якум истифода мешавад. Ин кишварҳо Амрико, Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Зеландияи Нав мебошанд. Ғайр аз ин, забони англисӣ дар дигар кишварҳо ба сифати забони дуюм ё забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад. Ин кишварҳо Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Чин, Афғонистон, Эрону Туркия ва ғайра мебошанд.
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода яке аз пойгоҳҳои марказии омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин таълимгоҳ 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ, чинӣ, куриёӣ ва ҷопонӣ) омӯзонда мешаванд. Забони англисиро барои донишҷӯёни донишкада дар се сатҳ: якум, ҳамчун ихтисос барои донишҷӯёни факултети забони англисӣ, дуюм, ҳамчун забони дуюм барои ихтисосҳои ҳамгиро ва сеюм, ҳамчун забони хориҷӣ барои аксари ихтисосҳо таълим медиҳанд. Яке аз масъалаҳои мубрами таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ, ин сатҳи забондонӣ ва маҳорати касбии худи омӯзгорони фаннӣ, бахусус омӯзгорони ҷавон, мебошад. Маълум аст, ки барои омӯзиши забони англисӣ дастуру маводи чопӣ фаровон таҳия карда шудаанд. Ғайр аз ин, барномаҳои дигар дар шакли онлайн ба монанди TOEFL, IELTS, DELTA ва ғайра ҷорӣ гардидаанд, ки барои омӯзиши ин забон мусоидат мекунанд.
Факултети забони англисии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода дар ин самт чорабиниҳои фаровон мегузаронад. Боиси зикр ва сарфарозист, ки ахиран дар факултети забони англисӣ лоиҳаи «Забони англисӣ ҳамчун воситаи таълим» бо иштироки 12 нафар омӯзгори ҷавони кафедраи филологияи англис гузаронда шуд. Бояд гуфт, ки барномаи EMI (English as a Medium of Instruction – Забони англисӣ ҳамчун воситаи таълим) аз ҷумлаи барномаи онлайн мебошад. Ин барнома барои омӯзгорони забони англисӣ таҳия шудааст ва ҷиҳати беҳтар намудани методҳо ва усулҳои таълими забони англисӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳавасмандони забони англисӣ метавонанд ин барномаро омӯхта, малакаи муоширати забони англисии худро беҳтар намоянд. Барномаи мазкур ҷанбаҳои асосии таълими забони англисиро дар бар гирифта, барои омӯхтани он методҳои навро фароҳам меорад. Ин барнома аз ҳашт қисм ё ба истилоҳи дигар модул (Module), иборат аст. Ҳар як модул ҷиҳатҳои муҳими таълими забони англисиро дар бар мегирад.
Дар сурати 70 % дуруст анҷом додани вазифаҳои ин барнома сертификат дода мешавад. Ҳамчунин, баъди ба итмом расондани ҳар як модул бояд аз ду то чор вазифа, ки марбут ба модули баитмомрасида мебошанд, бояд навишта шаванд. Ин вазифаҳои навишторӣ дар қолаби модулҳои барнома нигошта шуда, барои барномаро дуруст фаҳмидани ҳар як хонанда мусоидат мекунанд.
Мувофиқи яке аз барномаҳои лоиҳаи грантии муштараки Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон” дар санаи 06.08.2020 - ум 12 нафар омӯзгори кафедраи филологияи англис барои баланд бардоштани дараҷаи забондонӣ ва маҳорати омӯзгорӣ дар курси EMI (English Medium Instruction), ки аз ҷониби шарикони лоиҳа гузаронда шуд, тариқи онлайн иштирок намуданд. Курси мазкур муддати се ҳафта: аз 08.08.2020 то 04.09.2020 гузашт. Дар натиҷа як гурӯҳ омӯзгорони ҷавони факултети забони англисӣ, аз ҷумла Мунира Иматшоева, Мижгона Султонзода, Муҳаммад Дуллоев, Мунира Пулатова, Саодат Кесамирова, Саидмудассир Туманов, Муҳаббат Холова, Зулола Ҳалимзода, Лоиқ Самадов, Тахмина Тағоева, Сабзина Раҳмонова ва Неъматулло Мирзоев дар ҷамъбасти курси мазкур бо сертификати сатҳи байналмилалии CAMBRIDGE сарфароз гардиданд. Омӯзгорони кафедраи филологияи англис дар видео конференсия дар мизи мудаввар иштирок намуда, оид ба раванди курс ва шаклҳои гузарондани дарсҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Курси онлайн пурра ба забони англисӣ гузаронда шуда, роҳбарии онро  шарики лоиҳа, муаллимаи  ботаҷрибаи  Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Н.Елтсин, узви маркази Кембриҷи ин донишгоҳ Александра Карпова ба уҳда дошт.
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва зерсохторҳои он, аз ҷумла факултети забони англисӣ ва кафедраи филологияи англиси донишкадаи мазкур, барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои англисӣ, аз чунин лоиҳаҳо дар оянда ҳам, албатта, самаранок истифода бурда, дар пешрафти сатҳи забондонии омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.

Зубайдулло МУСОЯМОВ,
декани факултети забони англисии Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода,
номзади илми филология,  дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2020    №: 222    Мутолиа карданд: 8903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед