logo

ҳуқуқ

ПЕШГИРӢ. БЕҲТАРИН УСУЛИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз лиҳози сиёсӣ чунон сарбаставу пешгӯинашаванда буданд, ки иддае аз мардуми кишвар асли воқеаро на танҳо дарк намекарданд, балки кӯр-кӯрона тақлид ба равандҳои демократӣ ва рафтори сиёсии шаҳрвандони мамолики Ғарб менамуданд. Тақлидкориҳо зери назари таъсиррасониҳои хоҷагон ва гумоштагони дохила ба ивази сарфи маблағҳои бешумор, мавриди истифода аз мардуми ноогоҳ ва зери ниқоби ҳомиёни дини ислом ва «адолатхоҳиҳо» ба миён меомад. Аммо барои аҳли зиё ва иддае аз бошандагон, мақсад ва талошҳои ишғоли ҳокимият ва тағйир додани сохти давлат аз тарафи диндорони ифротӣ маълум ва ифшо гардида буд.
Бадбахтона, он солҳо намояндагони илму адаб ва сиёсатмадорон гарчанде кӯшиш ба харҷ дода бошанд ҳам, натавонистанд пеши роҳи ин тазоҳуроти таҳмилиро гиранд. Кишвари азизи мо аз лиҳози таъсирот ва фарогирии муҳити динӣ, дар қиёс бо дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ зери нуфузи рӯҳониёни агрессивӣ-ифротӣ монда буд. Дар он шароит бо сабабҳои нокомии институтҳои сиёсии ҷомеа ва дар ҳолати вазнин ҷой гирифтани равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар мавриди кандашавии муносибатҳо бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шароит ва вазъро хеле гарон намуда буд. Дар он лаҳзаҳо, агар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мавриди аз худ намудани мероси боқимондаи шӯравӣ буданд, дар кишвари мо бо васоити таъсири хоҷагони хориҷа, иддае даст ба тазоҳуроти дингароёнаву маҳалгароёна зада, теша ба решаи бақову амнияти миллӣ заданд.
Бадбахтиҳо дар кишвари мо маҳз аз солҳои навадум оғоз гардида буданд. Рӯзҳои 12 - 14 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе, маҳз аз омода набудани субъектҳои сиёсӣ ба дарки воқеият, ба он оварда расонд, ки дар рафти намоиши эътирозӣ-сиёсӣ шаҳрвандони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Дар ин гирдиҳамоӣ зиёда аз 30 ҳазор нафар иштирок намуд. Гурӯҳи муайяни ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои манфиатҷӯ, овоза паҳн намуданд, ки ба мардуми тоҷик манзилҳои истиқоматӣ намерасад, аммо роҳбарияти ҷумҳурӣ, гӯё ба гурезаҳои арманӣ, ки аз кишвари Озарбойҷон омадаанд, хонаҳои навбунёди шаҳри Душанберо медода бошанд. Ин ҳамоиши сиёсӣ ба ошӯб, бетартибӣ, оташ задани иморатҳо, дуздӣ, ғоратгарӣ, азияти мардум ба охир расид. Дар ин шакл рушд ва анҷомёбии ҳаводиси сиёсӣ ба салиқаи воқеӣ надоштани субъектҳои сиёсӣ ва рафтори ноогоҳонаву нотайёри омма вобастагӣ дошта, дурӯғи бофтаи гурӯҳи манфиатхоҳ маҳз ба нокомиву бадбахтиҳои мардум сабаб гашт. Ҳамагон огаҳанд, ки «баръакси ҳақиқат дурӯғ аст. Вақте ки дурӯғ ҳамчун ҳақиқат фаҳмида мешавад, гумроҳист» [С. Ятимов]. Мутаассифона, дар таърихи талхи миллати тоҷик, кушандаи тоҷик - худи тоҷик гашт. Ин омилҳои тарҳрезигардидаи бадхоҳони миллат бо роҳҳои зӯроварию куштор, таҳдиду даҳшатафканӣ, ҷорӣ намудани ҳолати яъсу ноумедӣ ва нооромиҳои рӯҳиву равонӣ ба мардуми кишвар оқибатҳои гаронеро ба миён овард. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, омилҳои мусоидаткунандаро ба равандҳои террористиву экстремистӣ, бори дигар ба таваҷҷуҳи ҳамагон, пеш аз ҳама, ҷавонон расонда бошем.
Чуноне маълум аст, ҳаёти сиёсии солҳои 80 – 90 - уми садаи ХХ, барои инсоният шакли нави рафтори сиёсиро дар раванди «экстремизм» рӯи кор овард. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи сайёра наметавонист орӣ аз таъсироти ин зуҳурот бошад. Ба мансубияти типҳои экстремистии рафтори сиёсӣ терроризм дохил гардида, он дар шароити кунунӣ ҳамчун хатарзотарин зуҳурот ба инсоният таҳдид намуда истодааст.
Терроризми сиёсӣ яке аз мавзӯъҳои муҳими таҳлилӣ – омӯзишӣ дар даҳсолаҳои охир ба ҳисоб рафта, он ҳамчун мушкилоти зиёновар дар ҳаёти сиёсии инсоният ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост меояд. Пайдо гардидани ин зуҳурот ба сиёсатшиносони дунё ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Омӯзиши ин мушкилот байни муҳаққиқон баҳсу мунозираҳои гуногунро ба миён овардааст. Ба ақидаи ҷомеашиноси амрикоӣ Д. Лонг «Новобаста аз таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи муҳаққиқон, то кунун ризоият ва фаҳмиши ягона мавриди терроризм ба вуҷуд наомадааст... Олимон то кунун теорияи умумии терроризмро ифшо накардаанд».
Ин зуҳурот таъсиргузор ба давлатҳои мутараққӣ низ гардидааст. Амалиёти бузургтарини террористӣ дар Амрико 11 сентябри соли 2001 ба амал омада буд. Террористон бо мақсади расондани таъсири маргафкан ҳавопаймоҳои мусофирбари «Боинг»- ро гаравгон гирифта, ба биноҳои маркази савдои ҷаҳонӣ ва Вазорати мудофиаи Амрико равона гардиданд, ки дар натиҷа қариб 3 ҳазор одами бегуноҳ қурбон гардид. Ин ҳодиса собит сохт, ки ҳатто давлатҳои абарқудрат дар мавриди таҳдиди амалиётҳои террористӣ наметавонанд дар алоҳидагӣ амнияти шаҳрвандон ва давлатҳои хешро таъмин намоянд. Тибқи маълумот, агар соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, солҳои 1980-1986 шумораи он ба 3628 расида, ҳамасола аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.
Тадқиқот оид ба рафтори сиёсии экстремистон ва террористон дар раванди фаъолият, бозгӯи онанд, ки «маҳкумшудагон» - и ин ҷараёнҳо дар бисёр мавридҳо роҳи бозгашт ба ҳаёти озоду осоиштаро надоранд. Онҳо мавриди мағзшӯӣ қарор гирифта қариб тамоми хусусиятҳои инсониро гум намуда, ба ҷуз ҳадафи дар наздашон гузошта, дигар чизеро намебинанд. Инсон мавҷудоти табиист. Таъсироти идеологӣ, муҳит, шароитҳои баамаломада, воситаҳои ахбори омма метавонанд, ҳар лаҳзаву дақиқа инсонро аз доираи фаъолияти хеш берун намуда, ӯро вориди дигар фаъолият, аз ҷумла равандҳои экстремистӣ ва террористӣ, намояд. Аз ин рӯ, ҳамагонро зарур аст, пеш аз ҳама, ба муҳтавои ин раванд, ба мақсаду ҳадафҳо шиносоӣ пайдо намуда, ба омӯзиши ин қазия бошуурона камари ҳиммат банданд. Усули аз ҳама беҳтарини мубориза бо ин зуҳурот - пешгирии он мебошад. Тарбияи насли наврас дар асоси арзишҳои волои миллӣ, эҳтиром ба маданият, таърих ва дастовардҳои инсоният новобаста аз дину мазҳаб яке аз силоҳҳои эътимодноки мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеа новобаста аз мансубият ба ҳизб, равияҳои динӣ, вазифадоранд, дар ташаккули тоқатпазирӣ муносибати эҳтиромонаи аҳли ҷомеа ба инкишофи илм, маданият, ақидаҳо, анъана ва эътиқоди якдигар саҳмгузор бошанд.

Сафаралӣ СОБИРОВ,
директори МТМУ № 10, ноҳияи Ёвон,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2020    №: 224    Мутолиа карданд: 462
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед